Дар Душанбе «Фестивали футбол» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 07.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 ва 12 июн бори аввал дар Тоҷикистон бахшида ба Чемпионати Аврупо оид ба футбол фестивали бошукӯҳи варзишӣ-фароғатӣ баргузор мешавад. Фестивали мазкур рӯзи ҷумъа оғоз ёфта, ҳадафи асосии он оммавигардонии футбол дар ҷумҳурӣ мебошад.
Ташкилкунандаи чорабинии варзишӣ-фароғатӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкати маркетинги «Ҳаматарафа» дар доираи барномаи «Аз шом то ними шаб» мебошад.
Фестивал дар таваққуфгоҳи маркази савдои Душанбе Мол (Ашан) баргузор мешавад. Чорабинӣ соати 18:00 оғоз меёбад. Ҳама дӯстдорони истироҳати фаъол метавонанд ширкат варзанд.
Барномаи чорабинӣ аз пахши бозӣ ва консертҳо бо иштироки сарояндагони маъруфи Тоҷикистон иборат мебошад. Инчунин минтақаи бозии кӯдакон, минтақаҳои аксбардории футбол, хӯрокҳои FOOD COURT мавҷуданд. Иштирокчиёни чорабинӣ метавонанд аз имкони беназири дидани ситораҳои футболи тоҷик истифода баранд.
Илова бар ин, дар фестивал бисёр мукофотҳои қиматбаҳо ба бозӣ гузошта мешаванд, ки муҳимтарини онҳо роҳхат ба Чемпионати Аврупо мебошад.
Барои маълумоти муфассал хоҳишмандон метавонанд бо ташкилкунандагони чорабинӣ тавассути рақами: +992 987 91 5555 тамос гиранд.
АКС аз бойгонӣ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






