Дар Душанбе Форуми 3-юми занони Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 07.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. 10 июни соли равон дар ҳошияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузории Форуми 3-юми занони СҲШ пешбинӣ гардидааст.
Дар Форуми 3-юми занони СҲШ роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми нахустини занони Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Ҳамоҳангсозии қувваҳои занон барои пешбурди рушди муштарак» аз 15 то 17 майи соли 2018 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардида буд.
Форум аз ҷониби Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ва Федератсияи Байналмилалии занони Ҷумҳурии Мардумии Чин роҳандозӣ гардида, дар он беш аз 200 намоянда аз давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва кишварҳои нозир иштирок намуда буданд.
ДАР АКС: Кушодашавии Форуми нахустини занони Созмони ҳамкории Шанхай, 15 майи соли 2018, Пекин. Акс аз сомонаи СҲШ








Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»






