Дар Кӯлоб даври дуюми озмуни квотаи президентӣ баргузор гардид

Июнь 1, 2021 09:40

ДУШАНБЕ, 01.06.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Кӯлоб даври дуюми озмуни квотаи президентӣ доир гардид. Аз шумораи 818 нафар довталаб 99 нафар беҳтаринҳо ба даври навбатӣ роҳхат мегиранд. Беҳтаринҳо баъди супоридани имтиҳон тариқи тестӣ ва суҳбат соҳиби квота хоҳанд шуд.

Дар ин бора мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” Сулаймон Холов хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки квотаи президентӣ бо мақсади муайян ва интихоб намудани хонандагони болаёқат ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои олии кишвар гузаронида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки давоми 22 соли охир тибқи ин квота садҳо нафар довталабон ба муассисаҳои олӣ ва касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, баъд аз хатм ҳамчун мутахассисони соҳаҳои гуногун дар шаҳру ноҳияҳо фаъолияти хешро идома дода истодаанд. Дар шаҳри Кӯлоб ҳамасола шумораи довталабон барои дарёфти квотаи президентӣ меафзояд.

Тавре котиби комиссияи озмуни мазкур  Гулчеҳра Шомадова иттилоъ дод, дар шаҳри Кӯлоб озмуни  квотаи президентӣ  аз рӯи Низомнома ва риояи қойидаҳои муайянкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

-Барои шаффоф гузаронидани озмуни мазкур тамоми шароитҳо муҳаё гардидааст ва волидайну омӯзгорон озодона метавонанд аз ҷараёни  он назорат баранд, -афзуд номбурда.

АКС аз МИҲД-и ш. Кӯлоб

Июнь 1, 2021 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик