Дар пойтахт Фестивал-намоишгоҳи нуҳуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» баргузор гардид

Июнь 29, 2021 09:10

ДУШАНБЕ, 29.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн  бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар майдони «800-солагии Москав»-и назди Муассисаи давлатии «Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ»-и пойтахт Фестивал-намоишгоҳи нуҳуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» баргузор гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  Фестивал-намоишгоҳ ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, бо мақсади дастгирии ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳандозӣ мегардад. Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Иттиҳодияи ҷамъиятии «Клуби дӯстдорони мошинҳои нодиру эксклюзивӣ ва мототсиклҳо» дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.

Иштирокдорони Фестивал-намоишгоҳи мазкур  мошинҳои нодир ва маъруфи  тамғаҳои «Победа», «Москвич», «Волга», «Запарожетс», «Лада», «Volkswagen», «Ford», «Chevrolet» «Pontiac» ва албатта, «Mercedes-Benz»-ро, ки дар Ғарб рамзи асосии ҳаракати дӯстдорони олдтаймерҳо маҳсуб мешавад, тамошо карда, ҳаловат бурданд.

Мавриди зикр аст, ки дар Ғарб чунин намоишгоҳҳо-фестивалҳоро «олдтаймер-галлерея» меноманд. «Oldtimer» калимаи англисӣ буда, «қадима, мошини нодир» тарҷума мешавад ва одатан мошинҳоеро, ки беш аз 30 сол пеш истеҳсол шудаанд, ифода мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Фестивал-намоишгоҳи ҳаштуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» 14 сентябри соли 2019  дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Мавриди ёдоварист, ки нахустин фестивал-намоишгоҳи автомобилҳои коллексионии «Авто ретро Душанбе» 21 апрели соли  2013  дар  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар  майдончаи назди роҳи ҳалқавии буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳ.Шерозии пойтахт  баргузор гардида буд. Паради автомобилҳои коллексионӣ аз кӯчаи Карамов ба самти хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои С.Айнӣ ва А. Дониши  пойтахт  гузашта буд.

Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Июнь 29, 2021 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид