Дар ҳудуди «Қалъаи Хуҷанд» сохтмони чойхона ва маҳаллаву хонаҳои қадимӣ идома доранд

Июнь 26, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 26.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру ҳидоятҳои​ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи мероси фарҳангӣ  ва дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар  маркази вилояти Суғд таҷдиду барқарорсозии «Қалъаи Хуҷанд» ҷараён дорад. Корҳои таҷдиду навсозӣ бо назардошти пешниҳодоти олимону таърихшиносон сурат гирифта, дар ҳудуди қалъа бо риояи санъати меъмории миллӣ чойхона ва маҳаллаву хонаҳои қадимӣ сохта шуда истодааст.

Тавре аз хадамоти матбуоти дастгоҳи Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  зимни боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз «Қалъаи Хуҷанд» таъкид шуд, ки қаълаи мазкур  дар тӯли садсолаҳо ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда,  ҳифзу барқарорсозии ин ёдгории таърихӣ барои муаррифии таъриху фарҳанг ва маданияти миллати тоҷик амри зарурӣ мебошад.

Роҳбари вилоят бо рассомону ороишгарон, меъморону таърихнигорон, гаҷкорон ва дигар масъулин суҳбат карда, барои бо сифати баланд ба иҷро расонидани корҳо, ба роҳ мондани ҳафриёти археологӣ, истифодаи унсурҳои миллӣ дар вақти таҷдиду барқарорсозӣ маслиҳату тавсияҳо дод.

Ёдовар мешавем, ки Қалъаи таърихии Хуҷанд дар маркази шаҳр, дар соҳили рости дарёи Сир дар масоҳати 200х300 м. ҷой гирифтааст. Дар бинои қалъа Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҷойгир шудааст, ки яке аз қисматҳои Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» мебошад. Қалъаи бостонӣ ба  асри VII тааллуқ дорад.

Аксҳ аз манбаъҳои боз

Июнь 26, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад