Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Таиланд ширкат меварзад

Июнь 30, 2021 15:52

ДУШАНБЕ, 30.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи  мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии сармураббии нав Пайрав Воҳидов дар мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021», ки аз 25 то 30 июл дар шаҳри Бангкоки Таиланд баргузор мешавад, ширкат меварзад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба ҷуз аз Тоҷикистон, дар мусобиқаи мазкур 7 тими дигар, аз ҷумла Таиланд, Литва, Эрон, Ӯзбекистон, Миср, Мозамбик ва Косово низ иштирок мекунанд.

Қуръакашии мусобиқа рӯзҳои наздик баргузор мешавад.

Барои тими мунтахаби Тоҷикистон ширкат дар ин мусобиқа марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 13 то 24 октябр баргузор мешавад, мегардад.

Аксҳо аз ФФТ

Июнь 30, 2021 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад