Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Таиланд ширкат меварзад
ДУШАНБЕ, 30.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии сармураббии нав Пайрав Воҳидов дар мусобиқаи байналмилалии «Continental Futsal Championship 2021», ки аз 25 то 30 июл дар шаҳри Бангкоки Таиланд баргузор мешавад, ширкат меварзад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба ҷуз аз Тоҷикистон, дар мусобиқаи мазкур 7 тими дигар, аз ҷумла Таиланд, Литва, Эрон, Ӯзбекистон, Миср, Мозамбик ва Косово низ иштирок мекунанд.
Қуръакашии мусобиқа рӯзҳои наздик баргузор мешавад.
Барои тими мунтахаби Тоҷикистон ширкат дар ин мусобиқа марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 13 то 24 октябр баргузор мешавад, мегардад.
Аксҳо аз ФФТ









Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






