Дотсенти Академияи милитсияи ВКД Саъдӣ Маҳмадов: «Ифтихори «тоҷикистонӣ» буданро новобаста аз мансубиятҳои мухталиф тарғиб кардан зарур аст»

Июнь 27, 2021 09:11

ДУШАНБЕ, 27.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо такя ба мафкураи нави ваҳдати миллӣ бояд дар низоми арзишии мардумони кишвари  мо мақому ҷойгаҳи ифтихори «тоҷикистонӣ» буданро бо усулу роҳҳои гуногун, новобаста аз мансубиятҳои мухталиф тарғибу талқин кардан зарур аст, зеро таъсири баъзе унсурҳои бегона имрӯз аллакай байни гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа ҷой ёфтаанд.

Чунин нигоштааст номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти  кафедраи ҷамъиятшиносии Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саъдӣ МАҲМАДОВ дар матолиби   ба унвони АМИТ «Ховар» ирсолнамудааш, ки   дар ҳошияи  китоби «Ваҳдат, давлат, Президент»  иншо гардидааст.

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар конференсияи байналхалқӣ бахшида ба панҷумин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва намунаи ибрати он барои Афғонистон таъкид  намуда буданд, ки: «Муваффақияти бузургтарини бадастовардаи мо ҳамин аст, ки ваҳдати миллати тоҷик ва якпорчагии қаламрави Тоҷикистонро ҳифз карда тавонистем ва бо кумаки фаъолонаи ҷомеаи ҷаҳон ба мо муяссар гашт, ки ба ҷанги дохилӣ хотима дода, сулҳу созгорӣ ва адолатро дар мамлакат барқарор созем». Воқеан, ҳифзи якпорчагӣ ва ваҳдати миллӣ асоси пешрафт ва муваффақиятҳои бадастовардаи миллати тоҷик аст, ки ба ҳамаи самтҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсии мо таъсири мусбат расонида, мардумро ба раванди созандагӣ равона месозад.

Новобаста ба ин дастовардҳо, Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳамеша ба зарурияти ташаккули мафкураи миллӣ ниёзманд аст, зеро ҳафтод соли рушду нумӯи миллат бо андешаю тафаккури дигар ба ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти мо таъсири мухталиф расонида, мардумро ба самти бегонагӣ равона намуда буд. Сатҳи ҷаҳонбинии миллӣ пайваста таҳти таъсири мафкураи тарҳрезишудаи ҳамешагии сиёсати ҳамон замон буд.

Аммо Истиқлолияти давлатӣ ин бори гаронро ба хотираи таърихӣ ҳавола намуда, равандҳои нави худшиносию худогоҳии миллиро ба миён овард. Дар ин замон тағйиротҳои куллӣ дар ҷомеа ба миён омаданд, ки бечуну чаро ба тафаккури мардум таъсири калон расониданд. Хусусан дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ: сохтмонҳои бузурги НОБ, кушодани нақбҳои хурду бузург, сохтану таъмири роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ, сохтмони роҳҳои оҳан, пулҳои гуногуни дохилию байни кишварҳои ҳамсоя, бунёди мактабу синфхонаҳо, рафту омад, доду гирифт бо кишварҳои хориҷӣ ҳамаи ин боиси дигаргуниҳои бузург дар ҷаҳонбинӣ ва тарзи ҳаёти мардуми кишварамон аст, ки ба Истиқлолияти Ватани азизамон вобастагӣ дорад.

Дар баробари ин, боз дар раванди ваҳдатсозӣ дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои зиёди илмию фарҳангӣ гузаронида шуд, ки бисёр анъанаҳои миллиро эҳё намуда, мардумро ба созандагию бунёдкорӣ раҳсипор намуданд.

Ин чорабиниҳо, албатта, пеш аз ҳама, бояд ба амалисозии худшиносию худогоҳии ҳадафноки насли ҷавони кишварамон дар руҳияи ватандӯстию зиракии сиёсӣ равона гарданд. Маълум аст, ки яке аз падидаҳое, ки ҳанӯз аз оғози эъмори пойдевори умумиятҳои хурдтарини ҷомеаи башарӣ дар баробари дарку татбиқи талаботи амниятию моддӣ дар пеши назари онҳо аз мақому манзалати чашмрас бархӯрдор буд, ин ваҳдати иҷтимоӣ аст, зеро бидуни он ташаккулу инкишофи ҳамагуна умумияти иҷтимоӣ ва касби қудрати истодагарӣ пайдо намудани онҳо дар рӯ ба рӯйи ҳамагуна ҳаводиси мураккаб ва тезу тунди ҳаёт имконнопазир мегардид. Яъне тавассути чунин тамоюли ваҳдатсозӣ тоҷикон бештар аз дигар мардумон доираи ҳамгаройии худро аз марзи ҳувияти авлодию қавмӣ фаротар бурда, дар шакли халқияту миллати таърихӣ ташаккул доданд.

Ҳадаф аз тарғиби арзишҳои ваҳдатсозӣ бояд он бошад, ки мардумро ба қабули воқеияти нави сиёсие водор созем, ки дар он доштани устувории миллӣ ва худогоҳии баланди миллӣ ҷузъи хеле муҳим ба шумор равад. Ҳарчанд таҳмили ин гуна ҷаҳонбиниҳои нав босуръат идома дорад, вале барои мардумро аз тафаккури кӯҳна озод намудан корҳои зиёдеро ба анҷом расонидан лозим меояд.

Хатари воқеие, ки дар айни ҳол ҷомеаи моро таҳдид менамояд, ин бегонапарастӣ ва ба равияҳои мухталифи иртиҷоӣ ворид гардидани қисме аз ҷавонони кишвар аст, ки дар сатҳи шуури муқаррарии онҳо арзишҳои бегона бартарӣ пайдо намудаанд. Дар ин росто, муҳаққиқи ҷомеашинос Саймӯмин Ятимов хеле дуруст зикр менамояд, ки «аксари хулосабарориҳои нодуруст ва арзёбии онҳо аз дуруст эҳсос накардани воқеят сурат мегирад. Нафарони гумроҳшуда, ки аз худшиносии миллӣ дуранд, аксаран бо эҳсоси таҳмилгардида, ки дигар барои онҳо мафҳумҳои миллату Ватан арзиш надоранд ба ҷиноятҳои экстремистию террористӣ даст мезананд, ки бегонагон ҳамчун раванди таҳрикдиҳандаи худсӯзии миллатҳо ба эҳсоси онҳо таъсир мерасонанд».

Бинобар ин, дар баробари таълим бо истифода аз воситаҳои ахбори умум, бахусус радио ва телевизион намоишҳо дар шинохти таъриху ҳувияти миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлол, ҳолатҳои муқоисавии бурду бохти миллиро бо андешаҳои нави стратегӣ муаррифӣ намудан лозим меояд. Ваҳдат худ дар асоси тафаккури созандаи миллӣ ва шуҷоатмандии сарвари сиёсӣ пайдо мегардад, ки ба тафаккури муқаррарӣ на танҳо таъсири мусбат мерасонад, балки онро фаъол гардонида, тағйир ҳам медиҳад.

Июнь 27, 2021 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд
ҶОИЗАИ «ШАҲРИ СУЛҲ». Онро Душанбе барои саҳми беандоза дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ бо қарори ЮНЕСКО соҳиб гардид
МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардид
Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем»
Президенти Тоҷикистон: «Худдорӣ намудан аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ вазифаи ҳар бандаи муъмин дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар айёми ид мебошад»
23 март-Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ. Дар ҳар се соат ҳавошиносони тоҷик ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ маълумот пешниҳод менамоянд