ФУТБОЛ. Дар Осака бозии даври 9-уми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «Ғ» байни дастаҳои мунтахаби Япония ва Тоҷикистон баргузор шуд

Июнь 8, 2021 09:16

ДУШАНБЕ, 08.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми  дирӯз  дар варзишгоҳи «Panasonic Suita»-и шаҳри Осакаи Япония бозии даври 9-уми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «Ғ» байни дастаҳои мунтахаби  Япония  ва Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин  бозии ҷолиб  дастаи  мунтахаби Тоҷикистон   аз  мунтахаби Япония  бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мизбонон рақобатро фаъол оғоз намуда, ҳанӯз дар дақиқаи 6-ум бо голи задаи Киого Фурухаси ба пеш баромаданд. Баъдан дар дақиқаи 9-уми майдондорӣ Эҳсони Панҷшанбе натиҷаро баробар намуд. Ҳамин тавр Эҳсон Панҷшанбе муаллифи аввалин гол ба дарвозаи дастаи мунтахаби Япония  дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон Қатар – 2022 гардид. Панҷ дақиқа то анҷоми қисми аввали бозӣ бозингари дастаи футболи  «Ливерпул» — Такуми Минамино натиҷаро 2:1 намуд. Бо ҳамин натиҷа дастаҳо ба танаффус баромаданд. Баъдан дар идомаи бозӣ Кэнто Хасимото ва Хаяо Кавабе голҳи ҷопониҳоро муаллифӣ намуда, пирӯзии дастаи мунтахаби Ҷопонро бо натиҷаи 4:1 таъмин сохтанд.

Баъди ин бозӣ дастаи мунтахаби  Япония бо касби 21 хол пешсафи ягонаи ҷадвали гурӯҳи «Ғ»  мебошад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бошад, дар ихтиёраш 10 хол дораду дар зинаи 2-юми гурӯҳ мавқеъ касб намудааст.Дар бозии дигари гурӯҳ бошад, дастаи мунтахаби  Муғулистон бар дастаи мунтахаби  Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Ёдовар  мешавем,ки  бозии навбатии  дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи миллии Мянмар 15 июн дар Япония  баргузор мешавад.

 ДАСТАҲО  Б  Ғ  М  Б  Т-Т  Х
 1  Япония  7  7  0  0  41-1  21
 2  Тоҷикистон  7  3  1  3  10-12  10
 3  Қирғизистон  6  2  1  3  10-6  7
 4  Мянмар  6  2  0  4  5-23  6
 5  Муғулистон  8  2  0  6  3-27  6

 

Июнь 8, 2021 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд