ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳои Араб-2021 иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 01.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 июн то 6 июли соли равон дар Миср Ҷоми миллатҳои Араб-2021 баргузор мешавад, ки дар он дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (футболбозони соли таваллудашон 2003 ва хурдтар) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ширкат меварзад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи натиҷаҳои қуръакашии Ҷоми миллатҳои Араб-2021 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола дастаи Тоҷикистон ба гурӯҳи «В» шомил шуд. Рақибони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Марокаш (20-уми июн), АМА (23-юми июн) ва Ҷибути (26-уми июн) мебошанд. Дар маҷмӯъ, дар Ҷоми миллатҳои Араб-2021, ки ба чор гурӯҳ тақсим шудааст, 15 дастаи ҷавонон ширкат меварзад. Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду даста ба плей-офф роҳ меёбад. Дар сурати ба чорякфинали мусобиқа баромадан, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) яке аз дастаҳои гурӯҳи «А» — Миср, Нигерия, Мавритания ё Алҷазоирро ҳамчун рақиб қабул мекунад.
Бозии ниҳоии Ҷоми миллатҳои Араб-2021 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20) рӯзи 6 июл ба нақша гирифта шудааст.
Ҷоми миллатҳои Араб-2021 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20)
Гурӯҳи «А»: Миср, Нигерия, Мавритания, Алҷазоир.
Гурӯҳи «В»: Марокаш, Тоҷикистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷибути.
Гурӯҳи «С»: Сенегал, Лубнон, Ироқ, Коморҳо.
Гурӯҳи «D»: Тунис, Яман, Арабистони Саудӣ.
Тақвими бозиҳои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19)
Даври 1-ум
20-уми июн (якшанбе)
Оғоз – соати 19:00 бо вақти Душанбе
Марокаш – Тоҷикистон
Даври 2-юм
23-юми июн (чоршанбе)
Оғоз – соати 22:00 бо вақти Душанбе
Тоҷикистон – Амороти Муттаҳидаи Араб
Даври 3-юм
26-уми июн (шанбе)
Оғоз – соати 22:00 бо вақти Душанбе
Ҷибути — Тоҷикистон








Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд






