Футболбози ҳолландӣ Ҳусейн Доган дастаи «Истиқлол»-ро бо хоҳиши тарафайн тарк намуд
ДУШАНБЕ, 08.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Тими «Истиқлол»-ро Нимҳимоятгари ҳолландӣ Ҳусейн Доган (ДАР АКС) тими футболи «Истиқлол»-ро тарк намуд. Тавре хадамоти матбуоти бошгоҳи футболи «Истиқлол» ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳам футболбоз ва ҳам роҳбарияти даста ба ин қарор расиданд ва интизор меравад Доган аллакай имрӯз ба қасди ватани худ Душанберо тарк кунад.
Ёдовар мешавем, тими «Истиқлол» варзишгарро ҳангоми равзанаи интиқоли зимистона ба даст овардааст.
Ин футболбоз ба дарвозаи «Равшан»-и Кӯлоб як гол зада, беҳтарин бозигари Суперҷоми Тоҷикистон-2021 дониста шуд.
Гуфта мешавад, роҳбарияти «Истиқлол» ба варзишгар барои кори муштарак ташаккур гуфт ва ба ӯ барору комёбӣ таманно кард.
Доган футболбози касбӣ аст. Ӯ фаъолияти варзишияшро дар дастаи «Ҳолланд Спарта»-и Роттердам оғоз кардааст. Варзишгар соли 2012 бори аввал ба майдон баромада буд. Сипас даро ҳайати дастаҳои Go Ahead Eagles, TOP Oss ва NAC Breda ҳунарнамоӣ намудааст.
АКС аз хадамоти матбуоти БФ «Истиқлол»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






