Футболбози ҳолландӣ Ҳусейн Доган дастаи «Истиқлол»-ро бо хоҳиши тарафайн тарк намуд

Июнь 8, 2021 15:22

ДУШАНБЕ, 08.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Тими «Истиқлол»-ро Нимҳимоятгари ҳолландӣ Ҳусейн Доган (ДАР АКС)  тими футболи «Истиқлол»-ро тарк намуд. Тавре хадамоти матбуоти бошгоҳи футболи «Истиқлол» ба АМИТ «Ховар»  хабар дод, ҳам футболбоз ва ҳам роҳбарияти даста ба ин қарор расиданд ва интизор меравад Доган аллакай имрӯз ба қасди ватани худ Душанберо тарк кунад.

Ёдовар мешавем, тими «Истиқлол» варзишгарро ҳангоми равзанаи интиқоли зимистона ба даст овардааст.

Ин футболбоз ба дарвозаи «Равшан»-и Кӯлоб як гол зада, беҳтарин бозигари Суперҷоми Тоҷикистон-2021 дониста шуд.

Гуфта мешавад, роҳбарияти «Истиқлол» ба варзишгар барои кори муштарак ташаккур гуфт ва ба ӯ барору комёбӣ таманно кард.

Доган футболбози касбӣ аст. Ӯ фаъолияти варзишияшро дар дастаи «Ҳолланд Спарта»-и Роттердам оғоз кардааст. Варзишгар соли 2012 бори аввал ба  майдон  баромада буд. Сипас  даро ҳайати дастаҳои  Go Ahead Eagles, TOP Oss ва NAC Breda  ҳунарнамоӣ намудааст.

                                     АКС аз хадамоти матбуоти БФ «Истиқлол»

Июнь 8, 2021 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид