Имрӯз ҷаласаи Шӯрои коршиносони Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ оид ба илм ва маориф баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия нахустин ҷаласаи Шӯрои коршиносони Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ оид ба илм ва маориф дар реҷаи фосилавӣ баргузор гардид, ки дар кори он Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои коршиносон масъалаҳои зерин «Дар бораи самтҳои кори Шӯрои экспертӣ оид ба илм ва маориф дар Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи илм ва маориф» ва «Макон ва баргузории ҷаласаи дуюми Шӯрои коршиносони Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ оид ба илм ва маориф» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Шӯрои коршиносон як мақоми машваратии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ки бо мақсади кумаки коршиносон ба Ассамблея дар масъалаҳои ба ҳам наздик намудани қонунгузории кишварҳои Иттиҳод дар соҳаи илм ва маориф таъсис ёфтааст.
Шӯрои экспертӣ олимон ва мутахассисони маъруфи соҳаи илм ва маорифро дар бар мегирад, ки намояндагони ҳамаи давлатҳо — аъзои АБ ИДМ мебошанд. Раиси Шӯрои коршиносон ректори Донишгоҳи политехникии шаҳри Санкт-Петербург, узви Академияи илмҳои Россия, доктори илмҳои техникӣ, профессор Андрей Рудской мебошад.
Дар ҷаласа ҳамчунин баррасии самтҳои кори Шӯрои экспертӣ ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба ташаккули нақшаҳои дарозмуддати қонунгузории намунавӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар соҳаи илм ва маориф мавриди муҳокима қарор гирифта аз рӯи масъалаҳои баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
АКС аз Маҷлиси намояндагон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид






