Имрӯз ҷаласаи Шӯрои коршиносони Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ оид ба илм ва маориф баргузор гардид

Июнь 11, 2021 16:06

ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия  нахустин ҷаласаи Шӯрои коршиносони  Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои  ИДМ оид ба илм ва маориф дар реҷаи фосилавӣ баргузор гардид, ки дар кори он Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои коршиносон масъалаҳои зерин «Дар бораи самтҳои кори Шӯрои экспертӣ оид ба илм ва маориф дар Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Дар бораи санадҳои меъёрию  ҳуқуқии Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи илм ва маориф» ва «Макон ва баргузории ҷаласаи дуюми  Шӯрои коршиносони  Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои  ИДМ оид ба илм ва маориф» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Шӯрои коршиносон як мақоми машваратии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  мебошад, ки бо мақсади кумаки коршиносон ба Ассамблея дар масъалаҳои ба ҳам наздик намудани қонунгузории кишварҳои Иттиҳод дар соҳаи илм ва маориф таъсис ёфтааст.

Шӯрои экспертӣ олимон ва мутахассисони маъруфи соҳаи илм ва маорифро дар бар мегирад, ки намояндагони ҳамаи давлатҳо — аъзои АБ  ИДМ мебошанд. Раиси Шӯрои коршиносон ректори Донишгоҳи политехникии шаҳри Санкт-Петербург, узви Академияи илмҳои Россия, доктори илмҳои техникӣ, профессор Андрей Рудской мебошад.

Дар ҷаласа ҳамчунин баррасии самтҳои кори Шӯрои экспертӣ ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба ташаккули нақшаҳои дарозмуддати қонунгузории намунавӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,  дар соҳаи илм ва маориф мавриди муҳокима қарор гирифта аз рӯи масъалаҳои баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

АКС аз Маҷлиси намояндагон

Июнь 11, 2021 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид