Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Июнь 19, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 19.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли самимият Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид табрик менамоям.

Мутмаинам, ки таҷрибаи ғанӣ ва малакаи касбиву ҳирфавии Шумо минбаъд ҳам ба баланд бардоштани мақому манзалати Созмони Милали Муттаҳид, такмили  минбаъдаи абзорҳои фаъолияти он, ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амният, инчунин татбиқи ҳадафҳои рушди умум хидмат хоҳанд кард.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам  омодагии  Тоҷикистонро ҷиҳати идомаи самарабахши ҳамкориҳои судманд бо Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои тахассусии он дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи умум ба манзури расидан ба ҳадафҳо ва арзишҳои волои Созмони Милали Муттаҳид таъкид намоям.

Ба Шумо саломатии комилу саодатмандӣ, некӯаҳволӣ ва дар пешбурди минбаъдаи ваколатҳои пурмасъулиятатон муваффақиятҳои нав ба нав орзумандам».

Июнь 19, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд