«КӮДАКОНИ ИТТИҲОД». Таҳти ин ном дар Санкт-Петербург Форуми байналмилалии фарҳангӣ-маърифатии кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 29 июн дар шаҳри Санкт-Петербург Форуми байналмилалии фарҳангӣ-маърифатии кишварҳои узви ИДМ таҳти унвони «Кӯдакони Иттиҳод» баргузор мегардад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Азертадж« хабар медиҳад, ин чорабинӣ аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург ташкил шудааст.
Дар форум ҳайатҳои Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова, Россия ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. Барои онҳо чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва варзишӣ ба нақша гирифта шудаанд. Чорабиниҳои асосӣ дар маҷмааи солимгардлнии кӯдакон «Буревестник» баргузор мешаванд. Ғайр аз ин, иштирокчиёни форум аз ҷойҳои муҳими таърихӣ ва муассисаҳои таълимии Санкт-Петербург ва минтақаи Ленинград дидан карда, аз ҷашни хатмкунандагони Санкт-Петербург бо номи «Алые паруса» дидан мекунанд.
Самти асосии форум дар соли равон, ки Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ИДМ эълон шудааст, фаъолияти лоиҳавии ҳайатҳо дар мавзӯъҳои «Иншооти ЮНЕСКО-и мо» ва «Модели ЮНЕСКО» хоҳад буд. Ҳайатҳо мавзеъҳои мероси фарҳангии кишварҳояшонро, ки таваҷҷуҳи ЮНЕСКО-ро бояд ҷалб кунад, муаррифӣ мекунанд ва барои таъсиси як созмони кӯдаконаи ЮНЕСКО дар доираи Иттиҳод лоиҳа омода месозанд.
Форуми байналмилалии фарҳангӣ-маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» бо ташаббуси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон таъсис ёфтааст, ки он аз ҷонибӣ Ассамблеяи байнипарлумонӣ дастгирӣ ёфт. Форуми нахустин соли 2013 дар Чолпон-Ота дар соҳили Иссиқкӯл баргузор шуда буд.
Дар маҷмӯъ, дар тӯли мавҷудияти лоиҳа зиёда аз 600 нафар мактаббачагон аз нӯҳ кишвари узви ИДМ дар форум ширкат варзиданд.
Бояд зикр кард, ки ҳадафи асосии чорабинӣ эҷоди платформаи байналмилалӣ оид ба тарбияи кӯдакон ва ҷавонон дар рӯҳияи ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ, инчунин ташаккули захираи кадрии Иттиҳод мебошад.
АКС: «Азертадж»








«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад






