Кӯлоб: Фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Саман” нархи тухмро поин фаровард

Июнь 7, 2021 08:26

КӮЛОБ, 07.06.2021. АМИТ «Ховар». Саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дар ин замина дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат соҳибкорони маҳаллӣ ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ бунёди корхонаҳои саноати вусъат меёбад. Дар ҳамин замина соҳибкорони шаҳри Кӯлоб дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб фабрикаи парандапарвариро ба истифода доданд, ки аллакай маҳсулоти он дар бозору марказҳои савдо пешниҳоди сокинон гардонида шуда истодааст. Фабрикаи мазкур моҳи сентябри соли 2019 ба кор шурӯъ карда, дар он таҷҳизоти муосири соҳавӣ васлу насб шудааст.

Тавре соҳибкор Масидиқ Одинаев ба хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Сулаймон Холов иттилоъ дод, барои сохта ба истифода супоридани чунин як фабрикаи муосир Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Саман” давоми панҷ сол мутахассисонро дар дохил ва хориҷи кишвар омода кардааст.

Дар корхонаи мазкур, навад фисади амалиёт ба таври автоматӣ сурат мегирад. Ҳолати санитарию эпидемики ва қоидаҳои нигоҳубини паранда қатъиян риоя мегардад. Ба гуфтаи Холмуҳаммад Одинаев, дар навбати аввал дар фабрикаи мазкур қисмати якум ба кор дароварда шудааст ва дар он 50 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад. Аз оғози фаъолияти фабрика 40 нафар сокинони маҳалли ба кор ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. Баъди бо иқтидори пурра фаъол шудани он шумораи коргарон ба 200 нафар мерасад. Ба фурӯш баровардани тухми фабрикаи ҶДММ “Саман” дар шаҳри Кӯлоб нархи тухмро поин фаровард. Агар пештар 30 дона тухм 33-35 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло арзиши он ба 28-29 сомонӣ расидааст. Харидорон бошанд бо нархи дастрас  маҳсулоти босифати маҳаллиро харидорӣ карда метавонанд.

Акс аз бойгонӣ

Июнь 7, 2021 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад