Лоиқ Раҷабов дар 27 сония рақибашро мағлуб намуда, акнун барои 1 млн доллар мубориза мебарад

Июнь 11, 2021 16:28

ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари шинохтаи тоҷик Лоиқ Раҷабов дар мусобиқаи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта ё PFL рақиби русаш Ахмед Алиевро мағлуб намуд. Сабқати  мазкур  шоми 10 июни соли равон дар Амрико баргузор шуд. Варзишгари тоҷик дар раунди аввал дар 27 сония  ҳарифи  доғистониро шикаст дод. Бо ин ғалаба Лоиқ Раҷабов ба даврии баъдии мусобиқаи PFL роҳ меёбад ва имкон пайдо мекунад, ки барои 1 миллион доллар муборизаро давом диҳад.

Дар ин бора  шореҳи варзиши ТВ «Варзиш» Каримхон Бекматов  ба  хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Ба иттилои номбурда,  сабқати баъдии варзишгари шинохтаи тоҷик Лоиқ Раҷабов дар назар аст, ки моҳи августи соли равон баргузор шавад.

Ёдовар мешавем, ки Лоиқ Раҷабов дар байни сокинони Тоҷикистон бо ҳунарнамоиҳои муваффақонаи худ дар лигаи PFL -и Амрико, ки дар мавсими гузашта ба финал баромада буд, машҳур аст. Дарвоқеъ, ғолиби ин мусобиқа 1 млн. доллар ба даст овард. Пеш аз ин Лоиқ дар мусобиқаҳои гуногуни муҳорибаҳои омехта дар Германия, ки 4 соли охир дар он ҷо сукунат дошт, баромад мекард.

Лоиқ Раҷабов 17 сентябри соли 1990 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Вай мактаби миёнаи N77 Душанбе, инчунин Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси истифодаи роҳҳои оҳан хатм кардааст.

Лоиқ Раҷабов фаъолияти касбии худро соли 2012 оғоз кардааст. Соли 2015 ин варзишгар ба Германия кӯчида, дар толори зодаи Тоҷикистон Олег Шодиев ба тамринҳои муҳорибаҳои омехтаю тан ба тан шурӯъ кард. Дар Германия ӯ дар мусобиқаҳои муҳорибаҳои омехтаю тан ба тан соҳиби чаҳор камарбанд шудааст.

То имрӯз Лоиқ Раҷабов дар 18 муҳориба ширкат карда, 15 ғалаба, 1 мусовӣ ва 2 бохт дорад.

Июнь 11, 2021 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд