Маҳмадтоир Зокирзода: «Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар минтақа ҳамчун таҳрикбахшандаи равандҳои ҳамгироӣ нақши муҳим мебозад»

Июнь 2, 2021 15:44

ДУШАНБЕ, 02.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Конфронси дуюми  Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Асад Қайсар кори худро идома дод, ки дар он сарони ҳайатҳои расмии парлумонҳои кишварҳои аъзои Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар Конфронси мазкур вобаста ба масъалаи рӯзномаи нишаст «Пешбурди шарикии парлумонӣ барои ҳамгироии минтақавӣ» суханронӣ намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон М. Зокирзода изҳор дошт, ки ин ҳамоиш дар тақвияти саҳми Ассамблеяи парламентии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар минтақа ҳамчун таҳрикбахшандаи равандҳои ҳамгироӣ нақши муҳим бозида, барои рушди минбаъдаи  муносибатҳои самараноки тиҷоратӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ заминаи боэътимод мегузорад.

Зикр шуд, ки тақвият бахшидани равандҳои ҳамгироӣ ва густариши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ дар доираи Ассамблеяи парламентии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ барои рушди кооператсияи саноатӣ дар байни кишварҳои минтақа шароит фароҳам оварда, дар ин замина ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва дар ниҳояти кор ба ноилшавӣ ба ҳадафҳои ниҳоии сиёсати давлатҳо – коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва таъмини некўаҳволии мардумон мусоидат менамояд.

“Дар ин радиф нақши созандаи Парлумонҳои кишварҳои аъзои Ассамблеяи парламентии Созмони Ҳамкории Иқтисодиро ҳамчун ниҳоди ҳуқуқэҷодкунӣ ва механизми таҳияи стандартҳои ягонаи ҳуқуқии кишварҳоямон махсусан таъкид карданӣ ҳастам. Айни замон кишварҳои аъзои Ассамблеяи парламентии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас доранд”, — тазаккур дод М. Зокирзода.

Ӯ илова намуд, ки дар сохтори содироти ҷумҳурӣ ба кишварҳои минтақа асосан нерўи барқ, алюминий ва нахи пахта бартарият доранд. Воридот аз кишварҳои минтақа бошад, сўзишворию  равғанҳои молиданӣ, нерўи барқ, гази табиӣ, ғалладона ва маводи ғизоиро дар бар мегирад.

Дар баробари ин, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ дар дохили минтақа феълан танҳо бо амалиётҳои содиротиву воридотӣ маҳдуд мебошанд.

Дигар шаклу усулҳои ҳамкории мутақобилан судманд, аз қабили татбиқи лоиҳаҳои муштарак, таъсиси корхонаҳои муштарак, ба роҳ мондани кооператсияи илмиву истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав  ва имкониятҳои дигари густариши тиҷорати байниҳамдигарӣ ҳанўз ҳам беҳбудиро тақозо менамоянд.

Дар ин радиф аз Парлумонҳои кишварҳои аъзо тақозо мегардад, ки барои иҷрои созишномаҳои қабулгардида мусоидат намоянд.

“Мавриди зикри хос аст, ки санадҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ассамблеяи парламентии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ баимзорасида ва батасвибрасида, аз ҷумла Созишнома дар бораи тиҷорати транзитӣ, Созишнома дар бораи боркашонии транзитӣ дар минтақа ва Созишномаи тиҷоратии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ барои рушди тиҷорат, ҳамчун унсури асосии ҳамкориҳои минтақавӣ дар кишвари мо ниҳоят муҳим арзёбӣ мегарданд», — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон М. Зокирзода.

Дар идома зикр шуд, комилан равшан аст, ки дар ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ягон давлате мустақилона ба ҳалли масоили глобалии ҷойдошта, бахусус дар шароити рақобати шадид дар бозорҳои молии ҷаҳонӣ, қодир нест.f

Ва танҳо дар асоси ташкили ҳудуди ягонаи иқтисодӣ ва ҳамгироии зичи дохилиминтақавӣ мо метавонем рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем.

“Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки дар оянда низ дар фаъолияти Ассамблеяи парламентии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ пурсамар иштирок намуда, сатҳу сифати ҳамкориҳои бисёрҷонибаи худро баланд бардорад. Тоҷикистон мудом ҷонибдори тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратии минтақавӣ дар доираи  Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ба манфиати шукуфоии мардумони кишварҳои аъзои Созмон буду мебошад.

Тоҷикистон ба сифати самтҳои муҳимтарини ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи Созмон масъалаҳои ташкили низоми мукаммали транзитию нақлиётӣ, соддагардонии расмиёти тиҷорат, рушди савдои наздисарҳадӣ, истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои обиву энергетикӣ, ташаккули системаи ягонаи энергетикӣ ва гардишу мубодилоти озоди молҳо ва қувваи кориро пешниҳод намуда, дар амалӣ намудани ин ҳадафҳо нақши Парлумонҳои кишварҳои аъзоро муҳим арзёбӣ менамояд.

Ба назари мо, яке аз роҳҳои қобили қабули амалӣ намудани барномаҳои самараноки иқтисодӣ ин ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад. Минтақаҳои мазкур чун омили таҳрикбахши рушд ба тавсиаи фаъолияти иқтисодӣ, тақвият ёфтани тиҷорати минтақавӣ ва транзити молҳо мусоидат хоҳанд кард”, — иброз дошт М. Зокирзода.

Раиси Маҷлиси намояндагон тазаккур дод, ки аксари кишварҳои Ассамблеяи парламентии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар ин самт таҷрибаи ғанӣ  доранд. Намунаи мисол, феълан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуда, дар онҳо барои фаъолияти шарикони имконпазири хориҷӣ шароитҳои мусоиди ҳуқуқию сармоягузорӣ фароҳам оварда шудаанд.

“Бояд таъкид намоям, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои барқароршаванда, хеле арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи гидроэнергетикӣ мебошад. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳамагӣ 5 фоизи иқтидори гидроэнергетикии ҷумҳурӣ истифода бурда мешаваду халос.

Захираҳои солонаи гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 млрд. квт.соатро ташкил медиҳанд, ки ин аз талаботи хозираи кишварҳои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ  се баробар зиёд аст.

Ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ба раванди ҳамгироии минтақавӣ таъсиргузор мебошад. Умедворам, ки ниҳодҳои минтақавию байналмилалӣ фаъолияти худро минбаъд низ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи энергетикии CASA-1000 фаъолтар намуда дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳо ва таъмини суботи минтақавӣ нақши калидӣ хоҳанд гузошт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он манфиатдор аст, ки Ассамблеяи парламентии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар татбиқи лоиҳаҳои тиҷорати минтақавии нерўи барқ устуворӣ зоҳир намуда, дар масъалаҳои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории татбиқи ин лоиҳаҳо мусоидат намояд. Зеро ин тадбир ба беҳдошти сатҳу сифати зиндагии миллионҳо нафар мардуми минтақа оварда мерасонад.

Тоҷикистон ҷонибори дастгирии ҳаматарафаи кўшишҳо вобаста ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Созмон мебошад. Айни замон фаъолият Созмон  бояд ба он нигаронида шавад, ки ҳамкориҳои мутақобила дар доираи Ассамблеяи парламентии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ боздеҳи калон дошта бошанд, нақши ҳамоҳангсозандагии Ассамблеяи парламентии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ тақвият ёбад ва мутобиқшавии ин созмон ба вазъи имрўза ва  тағйиротҳои минбаъдаи иқтисоди ҷаҳон таъмин карда шавад.

Мутмаинам, ки татбиқи муштараки санадҳои ҳуқуқии дар доираи Ассамблеяи Парламентии Созмони ҳамкории иқтисодӣ қабулгардида ба ҳавасмандгардонӣ ва рушди истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва барои расидан ба ҳадафҳои рушд таккони ҷиддӣ мебахшад”, — изҳор дошт М. Зокирзода.

Сипас, аз рўи масъалаи баррасишуда миёни сарони парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва дигар иштирокдорони Конфронс баромадҳо ва муҳокимарониҳои судманд сурат гирифт.

Дар анҷоми кори Конфронси дуюми  Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар хотимаи кори Конфронс вобаста ба масъалаҳои муҳокимашуда қарори дахлдор қабул карда шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафараш ба Ҷумҳурии Исломии Покистон бо Раиси Ассамблеяи миллии  Ҷумҳурии Исломии Покистон Асад Қайсар ва бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Ҷумҳурии Туркия Мустафо Сентоп мулоқот намуд.

Аксҳо аз Маҷлиси намояндагони МО ҶТ

Июнь 2, 2021 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид