МАКТУБИ СИПОС ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Июнь 16, 2021 09:16

ДУШАНБЕ, 16.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба унвони АМИТ «Ховар» аз номи як гурӯҳ зиёиёни вилояти Суғд мактуби сипос ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шудааст. Дар он омадааст:

«Чанд рӯз аст, ки мо  зери таъсири  нишотбахши воқеаҳои рӯзҳои охир  қарор дорем, ки онро бо забону қалам тасвир кардан душвор аст. Суханҳои самимиву пурмеҳри  Шумо — муҳтарам Пешвои муаззами миллат ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Миромонович дар мавриди мустаҳкам намудани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек дар  барномаи пуршукӯҳи “Шоми дӯстӣ”, ки дар пойтахти зебои кишварамон шаҳри Душанбе баргузор гардид,   ҳам ба дӯстони тоҷикзабони мо ва ҳам ба ҳазорҳо ӯзбеконе, ки дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ доранд, нерӯи баланд ва кайфияти тоза бахшид.  Ҳангоме ки  Шумо олитарин  мукофотои  ҷумҳурӣ – ордени  “Зарринтоҷ”-ро  ба Президенти Ӯзбекистон   месупоридед, фикр мекардем, ки ба ин дӯстиву рафоқат, қадрдонии ду Роҳбарони донишманду сиёсатдон, дӯсту бародар, Пешвоёне, ки барои бахту саодат ва манфиати халқҳои худ – тоҷику ӯзбек ҳамаи  мушкилиҳоро паси сар карда, риштаи дӯстӣ бастанд, тамоми мардуми  дунё, сарварону вазирони  мамлакатҳоро дар ҳайрат гузошт.  Имрӯз мардуми олам ба дӯстии мо ҳавас мекунанд.

Суханронии Шумо ва Президенти Ӯзбекистон, ки  дар қасри таърихии “Арбоб”  дар мулоқот бо мо – зиёиён ва фаъолони вилоят доштед, на танҳо моро, балки тамоми одамоне, ки ба воситаи оинаи нилгун рафти мулоқотро тамошо мекарданд, хеле муассир сохту шод гардонид.  Бо ҳар кӣ суҳбат мекардем, мавзӯи суҳбат аз таҳсину таҳлили саъйу ҳаракатҳои Шумо Пешвои гиромӣ ва Шавкат Миромонович  дар роҳи устувор сохтани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, ба зинаҳои баланд бардоштани муносибатҳои ҳамсоягӣ, заҳматҳои  пайвастаи Шумоён дар ҷодаи беҳтар намудани зиндагии халқҳои ҳар ду кишвар иборат буд. Аз пирони рӯзгор сар карда то ҷавонон даст бар дуо бардошта, эҳсоси шодии худро пинҳон надошта, ҳатто ашки шодӣ дар чашм дар ҳаққи  ҳар дуи Шумо суханҳои хушу  таманниёти нек изҳор мекарданд.

Дар натиҷаи иродаи бузурги сиёсӣ ва ташаббуси  оқилонаи Шумоён – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Миромонович ва дастгирии ҳаматарафаи якдигар сардиҳои муносибатҳои солҳои охир аз байн бардошта шуданд, дарвозаҳои оҳанин боз гардиданд. Барои шаҳрвандони ҳар ду мамлакат имконияти  рафту омади бе ягон визаю мамоният  фароҳам оварда шуд. Пас аз солҳои тӯлонӣ парвози ҳавопаймоҳо аз сӯи Душанбе ба Тошканд, аз Тошканд ба  Душанбе оғоз гардид, ҳаракати автобусҳои байнидавлатӣ ба роҳ монда шуд.  Тибқи маълумотҳои статистикӣ, то давраи пандемия  ба Тоҷикистон аз ҳама зиёд аз Ӯзбекистон меҳмон омадааст, албатта,  ин маънои онро дорад, ки хешовандон дар вақти дилхоҳашон имконияти ба дидори ҳам расиданро соҳиб шудаанд.

Байни мардум панди “Ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур” мавҷуд аст, ки дар ин ҳолат бисёр бамаврид аст.  Дӯстиву қаробати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар давраи пандемия бештар эҳсос гардид. Кӯмаки Ӯзбекистон дар шакли доруву дармон, таҷҳизоти тиббӣ, госпитали сайёр, мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ”, табибони вирусолог ва ғайра   аввалинҳо шуда ба Тоҷикистон расид.

Ҳамчунин, ҳангоми рух додани офати табиӣ дар Сардобаи Ӯзбекистон Ҳукумати Тоҷикистон бо дасти кӯмак барои ҳолпурсиву дастгирӣ шитофт.

Ин ҳолат як намуна аз меҳру самимият ва дастгириҳои  ду халқи дӯсту бародар  аз якдигар буд.

Мусаллам аст, ки аз азал дар ҳудуди Ӯзбекистон тоҷикони бисёр  ва дар Тоҷикистон мардуми зиёди ӯзбекзабон зиндагӣ доранд.   Қаҳрамонҳои Иттифоқи Советӣ  Тӯйчӣ  Эрйигитов, Ӯринбек Ёқубов, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Абдуғафур Самадов, Қаҳрамонҳои Меҳнати Сотсиалистӣ Аскаралӣ Мирзаев, Имомназар Хӯжаназаров, раққосаи машҳури  балет,   шоир, Ходими фарҳангии хизматнишондодаи Тоҷикистон Ӯлмас Ҷамол, арбоби давлатӣ  Бегалӣ Аҳмадалиев, Ҷӯра Шокиров,  доктори фанҳои таърих Абдуҳамид Гадоев, олимони навоишинос докторони илмҳои филологӣ, профессорон Эргашалӣ Шодиев, Абдусалом Абдуқодиров, доктори илмҳои фалсафа, профессор Ҳомид Пӯлатов барин кадрҳои баландихтисоси  ӯзбек дар Тоҷикистон камол ёфтанд ва бо меҳнатои пурсамари худ ба Ватани азизи худ Тоҷикистон хидмат намуданду ҳамеша онро бузург доштаанд.

Имрӯз ҳам дар вилоятамон олимон, адибон, санъаткорон ва соҳибкорони ӯзбек бо фаъолияти пурсамари худ барои рушди фарҳангиву илмӣ ва маънавию моддии кишвар саҳми босазои худро мегузоранд.

Ба муносибати ташрифи Шавкат Миромонович ва хайрхоҳиву дастгирии Шумо ба имзо расидани зиёда аз сӣ адад шартномаҳои муҳим вобаста ба манфиати ҳамаҷонибаи аҳолии ду кишвар дар дили  тамоми мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон умедро ба фардои нек  бедор кард ва эшон маҳз ба туфайли дӯстиву рафоқат ба беҳбудӣ рӯ овардани ҳаёташон хушнуд ҳастанд.  Дар натиҷаи ин вохӯриҳои судманд  сохта шудани ду НБО дар дарёи Зарафшон на танҳо хонаҳоро мунаввар месозад, балки ба дилҳои мардум низ рӯшноӣ мебахшад.  Корхонаҳои нави саноатӣ сохта мешавад ва ҳазорҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.  Масалан,   дар ҳамкорӣ сохта шудани заводи автомобилии “Uz Avto Motors”  ҳам ба садҳо оилаҳо ризқу рӯзӣ мерасонад.

Ҳамчунин ҷоннок гардидани ҳамкориҳои илмиву  фарҳангӣ дар солҳои охир моро хеле шод гардонид.  Дар се соли охир мо бо олимони ӯзбекистонӣ ҳамкориҳои зич барпо намудем.  Мусассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров”  бо бист макотиби олии  Ӯзбекистон робитаҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст. Олимони донишгоҳи мазкур дар конференсияҳои байналмилалии дар шаҳрҳои Тошканд, Бухоро, Фарғона, Тирмиз баргузоргардида бо гузоришҳои пурмуҳтаво иштирок менамоянд.

Баргузор гардидани Рӯзҳои  фарҳанги Узбекистон дар Тоҷикистон, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар  Узбекистон имконияти хуби шиносоӣ бо дастовардҳои ходимони соҳаро дар давраи Истиқлол фароҳам овард. Дар Тошканд бахшида ба мероси адабии Қаҳрамони  Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон   Мирзо Турсунзода чорабиниҳо баргузор гардиданд. Якчанд чорабиниҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшида ба 580-солагии Алишер Навоӣ дар Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуданд.  Ба як истгоҳи метрои Тошканд номи яке аз шоирони бузурги тоҷик Мирзо Турсунзода  гузошта шуд. Дар Душанбе бошад, бахшида ба Қаҳрамони Ӯзбекистон, Шоири халқии Тоҷикистон Эркин Воҳидов маҳфили хубе баргузор гардид.

Пас аз  чанд муддати таваққуф  тарҷумаи асарҳои адибони ӯзбек ба забони тоҷикӣ, тарҷумаи осори эҷодкорони тоҷик ба забони ӯзбекӣ бо нафаси тоза оғоз гардид. Хушбахтона, алоқаҳои адабӣ аз нав ҷоннок гардида истодаанд.

Ҳамкориҳо дар соҳаҳои театр ва кино торафт ривоҷ ёфта истодаанд. Баъд аз танаффуси чандинсола  ҳайати эҷодии Театри дарамаи мусиқӣ ва  мазҳакаи ба номи Муқимии шаҳри Тошканд ба Хуҷанд ташриф оварда, спектакл ва консертҳои худро ба намоиш гузоштанд. Мухлисони хуҷандии театр  санъаткорони Театри ба номи Алишери Навоии шаҳри Намангонро низ бо хушӣ пешвоз гирифтанд.  Ҳамчунин Театри ба номи Шукур Бурҳони Тоҷикистон дар давоми панҷ рӯз ба Наманган сафари эҷодӣ намуд.

Ба қарибӣ дар Душанбе Рӯзҳои кинои ӯзбек шуда гузаштанд. Филми  “Илҳақ” дар шабакаҳои телевизионии  Тоҷикистон  ҳам намоиш дода шуд. Ҳамчунин зикр кардан  ба маврид аст, ки дар якчанд  филмҳои  ӯзбекӣ Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева даҳҳо образҳоро, ба монанди Нодирабегим, Майсара офарида ва аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои хидматҳои шоёнаш бо ҷоизаи “Олтин ҳумо”  (Ҳумои тиллоӣ) қадрдонӣ гардидааст.

Дар маҷмӯъ, суханҳои Шумо дар мулоқот бо зиёиёни вилояти Суғд дар Қасри Арбоб воқеан созандаву руҳбахш буданд. Муносибати бародаронаи  Шумо Муҳтарам Президенти кишвар, Пешвои гиромӣ Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Миромонович  барои мардуми тоҷику ӯзбек намунаи ибрат буда, шаҳрвандони ҳар ду давлат аз ин ин иқдому корҳои шоистаи Шумоён бағоят шоду розӣ ҳастанд. Аз номи аҳли илму адаби вилояти Суғд, аз номи мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ба Сарварони оқилу донишманди худ сипоси самимии худро расонида, барои Шумо умри дарозу бофароғат ва муваффақиятҳои бештар дар ҷодаи пурмашаққати роҳбариву  давлатдорӣ  таманно менамоем.

Ба бахти як халқи дузабона, ки чеҳраву урфу одат, ҳатто орзуву нияти ба ҳам монанд доранду ҳамхуну ҳамдил ҳастанд, ҳамеша  саломат бошед ва дар амалӣ гаштани корҳои неки оғоз кардаатон Худованд мададгор бошад!»

Бо эҳтиром:
Ҷӯрабек Набиев,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,
Абдували Бердиалиев,
Аслиддин Пӯлотов,
Қамариддин Тӯхлиев,
                                профессорони Донишгоҳи давалатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров
Тӯрақул Ризоқулов,
профессор, ноиби  ректори Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Мунаввара Ойматова,
 номзади илмҳои филологӣ,
дотсенти Донишгоҳи давалатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров
Турдимурод Аҳлиллоев,
Абдуворис Мингбоев,
номзади илмҳои психологӣ,
дотсенти Донишгоҳи давалатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров
Фарҳод Ҷӯраев,
                                 Раиси Ҷамъияти ӯзбекони вилояти Суғд,
Сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Суғд ҳақиқати”
Фирӯза Қаюмова,
  номзади илмҳои филологӣ,
дотсенти Донишгоҳи давалатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров
                                                                              Хайрулло Абдуқодиров,
                                                                             доктори илмҳои иқтисодӣ
аз Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Ӯринбой Усмон,
адиб, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

 

ДАР АКС: иштирокчиёни мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Э. Раҳмон ва Ш. Мирзиёев бо зиёиёни вилояти Суғд дар «Қасри Арбоб»-и ш. Хуҷанд. 11.06.2021. Акс: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Июнь 16, 2021 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад