«МАН ВАТАНРО БЕШ АЗ ҲАРВАҚТА ДОРАМ ДӮСТТАР…». Сироҷиддин Муҳриддин дар Корзори ёдбуди вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ ба муносибати 80-солагии оғози ҶБВ шеър хонд

Июнь 22, 2021 10:35

ДУШАНБЕ, 22.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 80 сол пеш – 22 июни соли 1941 бо ҳуҷуми ногаҳонии артиши Олмони гитлерӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардид. Ба муносибати он рӯзи фаромӯшнашаванда бо ташаббуси раёсати Беларус дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чун нишони хотира ва эҳтиром ба ҳама қаҳрамонони маълум ва номаълум — муҳофизони Ватан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои   ИДМ дар як муроҷиати видеоии махсус ширкат намуда, порае аз асареро ба забони давлатӣ қироат карданд.

Масалан, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин пораеро аз шеъри «Вақти он аст»-и Ҳабиб Юсуфӣ ба забони тоҷикӣ қироат мекунад:

Вақти он аст, эй қалам,  буррантдатар гардӣ зи теғ!

Вақти он аст, эй сухан, ғуррандатар гардӣ зи барқ!

То ба душман ҳамла орам, решааш бурӣ зи бех,

То расӣ, манҳус анчарро кунӣ бе шоху барг…

Дар видео зернавис бо тарҷумаи матни шеърҳо ба забони русӣ баробари қироати шеър меравад:

Настало время, мой калам, отныне стать острей меча!

Настало время, песнь моя, рази и бей, гремя как гром!

Чтобы грозой настичь врага, чтобы уничтожить палача,

Чтобы засох его арык, и чтобы рухнул вражий дом…

Шеъри шоири ҷанговари тоҷик, дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ фармондеҳи батареяи артиллерӣ Ҳабиб Юсуфӣ, ки соли 1944 дар наздикии Варшава фавтидааст, бо мисраи зерин ба поён мерасад: «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар!».

«Имрӯз, шоирони халқӣ тавассути садои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ба ҳамаи мо даҳшати ҷанг ва қаҳрамонии муҳофизон, хиёнати душман ва устувории гузаштагони мо, ғаму андӯҳи талафот ва ашки шодии Ғалабаро хотиррасон мекунанд! Мо дар ИДМ мероси сулҳомезро ба ёд меорем, эҳтиром мекунем ва онро қадр менамоем», —  тазаккур доданд дар Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Навор дар ин пайванд дастрас аст.

Июнь 22, 2021 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо Роҳбари Миссияи кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Гренада Созишнома оид ба мутақобилан бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд
Дар Теҳрон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Лесото муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд