«МЕВА ВА САБЗАВОТ — ҒИЗОИ АСОСИИ ШУМО». Таҳти чунин унвон ҳамоиши иттилоотию фарҳангӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба эълон гардидани соли 2021 Соли байналмилалии меваю сабзавот ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ва интихоби ғизои солим дар ноҳия Вахши вилояти Хатлон таҳти шиори «Мева ва сабзавот — ғизои асосии Шумо» ҳамоиши иттилоотию фарҳангӣ доир гардид.
Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии СММ, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ва Пажўҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Россия доир шуда, дар он доираи васеи аҳолӣ ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15-и ноҳия иштирок намуданд.
Тавре аз Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии СММ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни ҳамоиши иттилоотию фарҳангӣ миёни хонандагон озмуни расмкашӣ баргузор шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Инчунин аз рӯи маҷмўаи дастурҳои ғизои мактабӣ ҳунармандон бо истифода аз мева ва сабзавот хӯришҳои гуногун ва афшура омода намуданд, ки барои ташаккули фарҳанги истифодаи ғизои мактаббачагон мусоидат менамояд. Зеро ҳифзи сиҳатии кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ғизои мактабӣ ҳамчун воситаи самаранок барои баланд бардоштани давомот дар мактабҳои ибтидоӣ эътироф шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид (WFP) ва дастгирии техникии Пажўҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Россия дар 2000 мактаб қарию 500 ҳазор мактаббачагон бо маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, намак ва лӯбиёгиҳо барои омода намудани ғизои гарм ва солим таъмин карда шудаанд. Ин иқдом аз соли 1999 бо дастгирии Барномаи озуқаи ҷаҳонӣ идома дошта, ба ҳисоби миёна 45,5%-и хонандагони синфҳои ибтидоии мамлакат бо ин маводи ғизоӣ мунтазам таъмин гардида истодаанд.
Инчунин бо дастгирии Ҳукумати Федератсияи Россия барои татбиқи лоиҳаи «Рушди системаи ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023» маблағи 21,2 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст. Ҳамзамон «Нақшаи амал оид ба татбиқ намудани лоиҳаҳои таҷрибавии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар 50 мактаби вилояти Хатлон ва водии Рашт татбиқ гардида, инфрасохтор ва заминаи моддӣ-техникии ошхонаҳои мактабӣ беҳтар шудааст.
Боиси зикр аст, ки ғизо дар инкишофи ҷисму зеҳни хонандагон аҳамияти хосса дошта, барои ташаккули зеҳнии онҳо солҳои охир дар саҳни мактабҳо гармхонаҳо бунёд гардида хонандагон бо меваю сабзавоти тару тоза таъмин мегарданд.








Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст






