Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ: «Дар маркази барномаҳои ҲХДТ идеяи ваҳдати миллӣ ва суботу амнияти ҷомеа меистад»

Июнь 22, 2021 16:56

ДУШАНБЕ, 22.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. То таҷлили ҷашни  24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзҳои башумор мондааст. Дар арафаи ин ҷашн хабарнигори АМИТ «Ховар»  бо Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор АЗИЗӢ   оид ба  нақши ваҳдати миллӣ — ҳамчун заминагузори  рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуд. Дар зер онро манзури хонандагони сомона мегардонем.

АМИТ«Ховар»: Муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ, гузашти 24 сол бори дигар собит кард, ки  ваҳдати миллӣ –  бузургтарин ва арзишмандтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ барои миллати мост. Дар тақвияти ин гуфтаҳо чӣ андеша  доред?

Абдуҷаббор Азизӣ: Ваҳдати миллӣ барои тамоми давлатҳо ва ҷомеаҳо муҳимтарин арзиш маҳсуб шуда, омили асосии  рушди ҷомеа ва кафолати зиндагии шоистаи мардум аст. Бахусус барои мардуми Тоҷикистон, ки мусибати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ноамниву бесуботиро аз сар гузаронидааст, бори дигар собит гардид, ки ваҳдати миллӣ — беҳтарин неъмат, осоишу ободӣ,  фарзонагӣ, амну субот, меҳру садоқат, таҳкими давлат, наҷоту ҳастии  миллат буда, ҳар як тоҷикистонӣ вазифадор аст, ки  барои  таҳкими сулҳи бебозгашт ва ваҳдати сартосарӣ талош намояд.

Имрӯз вақте мо аз ваҳдат сухан мегӯем,  пеши назар симои  меъмори он- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидор мешавад. Дар солҳои пурхатари ҷанги шаҳрвандӣ маҳз  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавре мегӯянд, ҷон ба каф гирифта, барои гуфтушуниди сулҳ бо мухолифин ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафтанд ва ба раванди гуфтушуниди сулҳи тоҷикон оғоз бахшиданд. Музокирот бо мухолифин аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни 1997 дар Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Россия  идома  кард. Барои ба сулҳу субот расидан 9 давраи музокирот, 6 мулоқоти сарон ва 21 маротиба музокироти ҳайатҳо сурат гирифт, 40 санаде ба имзо расиданд, ки тақдири ояндаи давлати тоҷикон ва таъмини сулҳу салоҳро дар Тоҷикистон ҳал намуданд.

Мояи ифтихор аст, ки  бо   қадами  мубораки   фарзанди сарсупурдаву ҷонфидои Ватан,  Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ваҳдату ризоияти миллӣ  дар  ҷомеа  устувор гардид, тӯли 24 соли баъди ба  даст овардани он азамати шаҳру деҳоти  Тоҷикистон  боз ҳам  боло  рафт, соҳаҳои  гуногуни  ҳаёти ҷамъиятӣ рушд ёфтанд, мактабу маориф, илму маърифат мавқеи худро боз ҳам   қавитар  намуданд.

Дар бораи нақши таърихии сулҳи тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

АМИТ«Ховар»: Аз нигоҳи Шумо  кадом омилҳо дар эҷоди сулҳ ва ваҳдати миллӣ  мусоидат намуданд?

Абдуҷаббор Азизӣ: Мояи ифтихор  аст, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат буда,  аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардид. Хиради зотии халқи мо, миллати некӯманиши мо, ки  дар таърих ҳамеша бо сулҳпарвариву башардӯстиву инсонгарии худ ном баровардаасту  ҷабри парешониву нотифоқиҳоро зиёд дидааст ва бештар аз ҳар миллати дигар моил ба ягонагиву ваҳдат аст, имкон фароҳам овард, ки дар атрофи  фарзанди фарзонаи худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷаъм шаванд ва давлату миллатро аз нестӣ раҳоӣ  бахшанд.

Тавре ҳамагон медонанд, роҳи дарёфти сулҳ дар Тоҷикистон саҳлу  осон набуд. Вақте дар кишвар оташи ҷанги шаҳрвандӣ бештар доман паҳн менамуд, мо ҳама чизро аз даст дода будем ва касе ба оянда умед надошт. Аксарияти мардум дар андешаи фирор аз Ватан буд.  Тоҷикистон дар ҳамон лаҳзаҳо ба Пешвои сиёсие ниёз дошт, ки  пеши роҳи фалокати азими ҷанги шаҳрвандиро бигирад ва давлатро аз заволу миллатро аз фаношавӣ эмин нигоҳ дорад.

Ҳамон лаҳзаи ба мақоми роҳбари мамлакат интихоб гардидан Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16 Шўрои Олӣ бе дудилагӣ ва истиҳола изҳор кард: «То даме, ки охирин гурезаро аз хоки Афғонистон ба Ватан бознагардонам, ман осуда буда наметавонам».

Бозгашти гурезаҳо марҳилаи муҳимтарини истиқрори сулҳу осоиш буд ва инро Эмомалӣ Раҳмон беҳтар аз дигарон эҳсос намуда буд. Ва гуфта буд:  «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгашти гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам».  Пешвои миллат аз лаҳзаҳои нахустини роҳбари тавонистанд, ки дар дили мардум шўълаи умедро ба оянда равшан намоянд.

Имзои созишномаи истиқрори сулҳ дар Маскав, ки ба таърихи 27-уми июни сили 1997 ёд мешавад, дар ҳошияи бузургтарин ходисаҳои сиёсии ҷаҳон дар охири қарни ХХ қарор хоҳад дошт. Таърихи инсоният то ин дам ёд надошт, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишваре ба ин зуди поён ёбад ва тарафҳои даргир бо дарки воқеияти зиндагӣ ба ҳам оянд. Ин амали хирадмандона симои Тоҷикистон ва сарвари онро дар саҳифаи дурахшони таърих сабт намуд. Ин падидаи хуҷистаи сулҳофарӣ барои мардуме, ки дар кишварҳои мухталифи олам дар вазъи ноороми қарор доранд, имрӯз роҳнамо аст.

Ба андешаи инҷониб, сулҳи Тоҷикистон бо чанд омили асосӣ вобаста аст: якум муносибати пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қазия ва иродаи сиёсии ў барои таъмини суботу амният ва гузашт намудан ба собиқ мухолифони ҳукумат, дуюм аз ҷониби роҳбари  давлат саривақт  барои ҳалли низоъ ҷалб намудани Созмони Милали Муттаҳид, ки  фаъолиятҳои босамарро  ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ анҷом дод. Баъдан дастгирии доимии давлатҳои кафил дар иҷрои талаботи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, инчунин таҳаммулпазириву сулҳхоҳӣ ва ватандустии мардуми кишвар, ки ин хислатҳои наҷиби инсонӣ дар табиату тинннати мардуми мо ба таври ирсӣ ҷой  дорад, мебошанд.

Ин омилҳои ба ҳам тавъам ба бунёди  сулҳ ва ба миён овардани ваҳдати мимллӣ дар Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварданд.

АМИТ«Ховар»: Низоми бисёрҳизбӣ дар баъзе аз назарияҳои сиёсӣ ҳамчун низоми бўҳронхез муаррифӣ мегардад ва ба қавли баъзе аз  андешамандони сиёсӣ ваҳдати  ҷомеаро халадор месозад. Дар ин бора чӣ  назар доред?

Абдуҷаббор Азизӣ: Чунин ақида дар баъзе назарияҳои сиёсӣ вуҷуд дорад ва баъзе сиёсатмадорон низ аз ин дидгоҳ ҳимоят мекунанд. Тибқи ин дидгоҳ агар дар ҷомеа яккаҳизбӣ ҳукмрон бошад ва сиёсатгузорӣ ба ҳукумат бо дасти ҳизби ягона сурат гирад, ваҳдату ризоияти ҷомеа ва суботу амнияти мамлакат кафолати бештар дорад. Намунаи инро дар мисоли яккароҳбарии ҳизби коммунистӣ дар замони Иттиҳоди Шўравӣ мисол меоранд. Вале бар хилофи ин назария ва амалияҳои муосир собит мекунанд, ки суботу амнияти низоми яккаҳизбӣ чандон устувор набуда, иштироки тамоми нерўҳои ҷомеа дар раванди ваҳдату суботофаринӣ амнияти миллиро таъмин намекунад. Сарнавишти худи Иттиҳоди Шўравӣ низ далели ҳамин воқеият аст.

Аз ин рў, дар низоми демократӣ ва бисёрҳизбӣ воқеъияти кафолати ваҳдату суботи ҷомеа ва амнияти миллӣ устувортар буда, дар он ҳар як иштирокчии раванди сиёсӣ ва таъмини суботу амният вазифадор ва манфиатдор мегардад.

Зеро дар чунин низом интихоботи озоди демократӣ ҳамчун меъёри демократӣ дар идораи ҷомеа амал карда, муборизаи ғайриқонунӣ барои иштироки сиёсӣ аз байн меравад. Аз сўи дигар дар низоми бисёрҳизбӣ ҳизбҳои сиёсӣ бахшҳои гуногунфикрро дар дораи талаботҳои худ гирд оварда, аз муҳити ғайрирасмӣ ба фазои қонунманди расмӣ ворид месозад. Чунин фаъолияти расмӣ дар фазои қонуманди сиёсӣ,  ки дар он усул ва ахлоқу қоидаҳои мушорикат аз тарафи қонун муайян шудааст, пеш аз ҳама боиси тарбият ва суфташавии сиёсии худи иштирокдорони раванди сиёсӣ мегардад. Ҳамин тавр, ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун субъектҳои парвариши маърифати сиёсӣ ва иҷтимоишавии гуруҳҳо нақши муҳими ваҳдат, амният ва суботофаринӣ доранд.

Баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ созмон ёфта, ҳар кадоме барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ ва расидан ба қудрат талош менамуд. Зиёдаравӣ дар фаъолият ва берун баромадан аз ҳадди меъёри муқарраршуда яке аз омилҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат гардид. Зикр намудан бамаврид аст, ки чун фарҳангу маърифати сиёсии мардуми мо хусусан қишри зиёии кишвар, ки дар ҳамон шабу руз рушд наёфта буд аз рақобати комилу солими сиёсӣ ба муноқишаву низоъ гузаштанд. Натиҷаааш ба ҷангу хунрезӣ оварда расонид.

Ҳамин буд, ки муҳимтарин вазифаи роҳбарияти давлат дар ҳамон шабу руз ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва бо ҳар роҳу восита пеши роҳи пурфоҷеа ва даҳшатбори шаҳрвандиро гирифтан буд. Зеро тасмими ҳар иқдом ва шурӯи фаъолиятҳои созанда танҳо дар сурати оромию субот даст медиҳад.

Ҳолати ҷомеа ҳам ба авзои ботинии инсон бисёр шабоҳат дорад, ки танҳо дар сурати солимии ҷисмонию рўҳӣ шахс метавонад аз уҳдаи иҷрои коре баромада тавонад. Ҷомеа низ дар сурати оромии комил, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии гурўҳҳои мухталиф метавонад рушду такомул ёбад ва ба инкишофу пешрафти худ замина гузорад.

Маъракаҳои сиёсии солҳои охир ва рақобати ҳизбҳои сиёсӣ дар онҳо собит менамояд, ки мавқеъ ва ҳадафҳои онҳо ҷузъи таркибии манфиатҳои миллӣ мебошанд. Ва маҳз ҳамин манфиатҳои миллӣ сарфи назар аз андешаҳои гуногуни сиёсӣ боиси бо ҳам омадан ва муттаҳид гардидани онҳо мебошад, ки ин раванд низ боиси таҳкиму тавсеаи ваҳдати миллӣ мебошад.

АМИТ«Ховар»: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ваҳдати фарогир дар ҷомеа чӣ барномаҳоеро рӯи даст дорад?

Абдуҷаббор Азизӣ: Дар шароити кунунӣ масъалаи ваҳдати миллӣ дар барномаҳои ҳизбӣ мавқеи меҳварӣ дорад. Зеро суботу оромӣ ва амнияти мамлакат аз ваҳдати миллӣ вобастагии амиқ дорад. Ҳамон кишварҳое ба суботу амният шарафёб гардидаанд, ки дар он ваҳдати миллӣ ҳукмфармост.

Аз назари мазмун, дар маркази барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идеяи ваҳдати миллӣ ва суботу амнияти ҷомеа меистад. Роҳбари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – Президенти маҳбуби кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ як рамзи сулҳу ваҳдат ва кафили суботу амнияти кишвар аст. Бинобар ин,  ҳизб дар оянда низ хатти асосии сиёсати худ ваҳдати миллӣ ва таҳким бахшидани онро дар ҷомеа идома медиҳад.

Вобаста ба масъалаи ваҳдати миллӣ андеша ронда, таъкид бояд кард, ки  ваҳдат на танҳо масъалаи давлату ҳукумат ва ҳизбҳои сиёсӣ аст, балки ба зиндагии ҳар шахс ва ба манфиати ҳар фард ва аъзои  ҷомеа дахл дорад. Агар амиқтар  андешем, аз ваҳдати миллӣ, ки самараи он оромию субот ва амният аст ҳар як шаҳрванд, ҳам мансабдору ҳам фарди оддӣ бевосита манфиат мебарад.

Барои ҳизби мо ваҳдати миллӣ стратегияе ба шумор меравад, ки ҷиҳати таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳимми миллӣ равона гардидааст. Ҷудоиандозӣ, дасисаву иттилооти муғризона, таассуби динию мазҳабӣ, ки дар байни ҷомеа тафриқа меандозанд, ҳамчун таҳдид ба ваҳдати миллӣ  шинохта мешаванд.

АМИТ«Ховар»: Барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо, ки ба густариши ваҳдати миллӣ нигаронида шудаанд аз кадом роҳҳо ва шаклу усулҳо корбарӣ менамоед?

Абдуҷаббор Азизӣ: Муҳимтарин роҳи расидан ба ҳадафро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баланд бардоштани сатҳи илму дониш,  ҷаҳонбинии илмӣ ва дар андешаи мардум бедор намудани эҳсоси худшиносиву ватандўстӣ ва талош варзидан барои оянда мебинад.

Тавассути корҳои амалӣ ва роҳандозии чорабиниҳои таблиғотӣ баҳри пешгиии зуҳуроти номатлуби ҷомеа аз қабили экстримизм, терроризм ва ҷаҳолату хурофот, ки ба амнияту осоиштагии кишвар халал ворид менамоянд, чораҳои муаасир андешида, тадбирҳои зарурӣ меандешем.

Ҳизби мо зери роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифода аз арзишҳои маънавии миллат дар шароити ҷаҳонишавӣ кўшиш карда, арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллиро зарур шуморида, тавсеа додани фарҳанги сулҳ ва тақвият бахшидан ба ваҳдати миллиро ҳамчун дастоварди нодири мардуми Тоҷикистон рисолати худ меҳисобад.

Дар фаъолияти худ пайвста талош менамоем, ки дар атрофи ғояи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол — Ватани маҳбуби ҳамаи мо», ки Пешвои муаззами миллат онро самти муҳимтарини рушди давлатдорӣ дар марҳилаи муосир арзёбӣ намудаанд, тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишварро муттаҳид намоем.

Барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳои бузург ҳамеша миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа корбарӣ намуда, вобаста ба талаботи замони муосир аз ҳама воситаҳо истифода менамоем. Аз ҳама асосаш ҳамеша дар канори мардум ва рў ба рў бо мардум дар гуфтугў ҳастем.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Июнь 22, 2021 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд