Намояндагони вилояти Суғд ба вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд
ДУШАНБЕ, 28.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳайати расмии вилоят ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстона, шиносоӣ бо дастовардҳои иқтисодии вилояти Тошканд ва мубодилаи таҷрибаҳои ҳамдигар ба вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилоят.
Дар ин сафар роҳбари вилоятро раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Спитамен ва корхонаҳои саноативу идораҳои кишоварзӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Дар рӯзи аввали сафар Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамроҳонаш бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадам, инчунин истифодаи технологияҳои муосир шинос гардиданд.
Ҳайат, аз ҷумла аз боғҳои интенсивӣ, токзор, гармхонаҳои инноватсионӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ дидан кард.
Дар рӯзи дуюм намояндагони вилояти Суғд бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии вилояти Тошканд шинос гардиданд ва ҷонибҳо барои мубодилаи таҷрибаҳо ҳавасмандии худро изҳор доштанд.
Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафар ҳамчунин бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов мулоқот анҷом дод.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз тавсеаи муносибатҳои дӯстонаи миёни миллатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев равобити миёни ду кишвар дар беҳтарин сатҳ қарор гирифта, халқҳои тоҷику ӯзбек аз сиёсати созанда истиқболи гарм карданд.
Зикр гардид, ки густариши робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни вилоятҳои ду кишвар ба манфиати ҷонибҳо буда, то ба 1 миллиард расонидани доду гирифти молу маҳсулот дар назар дошта шудааст.
Раиси вилояти Суғд барои истиқболи гарму саминона изҳори сипос намуда, зикр кард, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон буда, ҳавасманди тақвияти ҳамкорӣ аст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев ва Ҳокими вилояти Тошканд Даврон Ҳидоятов низ мулоқот анҷом дода, баҳри ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд изҳори омодагӣ кард.
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




















Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






