ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар аст

Июнь 12, 2021 08:22

ДУШАНБЕ, 12.06.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабр ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония вазида тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 19+21 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 12, 2021 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад