ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва тағйирёбанда шуда, чангу ғубор ба амал меояд

Июнь 21, 2021 08:07

ДУШАНБЕ, 21.06.2021 /АМИТ “Ховар”/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, Дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқии вилоят бориши сусти борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 20-25 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 20-25 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон борон пешбинӣ шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 17-22 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 18+20 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 21, 2021 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе