ОФАРИН! Футболбозони тоҷик дар бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 тими миллии Мянмарро бо ҳисоби калон мағлуб карданд
ДУШАНБЕ, 15.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии ниҳоии даври дуввуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 тими мунтахаби Тоҷикистон Мянмарро бо ҳисоби бузург мағлуб кард.
Футболбозони тоҷик ба дарвозаи рақибони худ 4 голи бе ҷавоб заданд.
Бозии мазкур имрӯз, 15 июн, дар варзишгоҳи Янмар Нагайи Осака баргузор шуд.
Голҳоро Комрон Турсунов (дақиқаи 34-ум), Манучеҳр Ҷалилов (дақиқаи 54-ум), Шериддин Бобоев (дақиқаи 78-ум) ва Шаҳром Самиев (дақиқаи 87-ум) ба номи худ сабт карданд.
Дар баробари ин, вохӯрӣ байни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Япония баргузор гардид. Тавре интизор мерафт, футболбозони Япония пирӯз шуданд. Онҳо ба дарвозаи Қирғизистон панҷ гол заданд.
Қирғизистон голи ягонаро аз пеналтӣ ба дарвозаи Япония ворид кард.
АКС аз ФФТ








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






