Ғолибони бозиҳои даври аввали лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври аввали лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 дар толорҳои варзишгоҳҳои мамлакат баргузор шуданд. Дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе бар дастаи нави лигаи футзал – дастаи «Помир»-и шаҳри Хоруғ бо ҳисоби калони 5:0 ғалаба кард.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ду бозии дигар дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар сафар дастаи футзали «Пойтахт»-ро бо ҳисоби калони 8:0, дастаи футзали «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дастаи «Самандар»-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуданд.
Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021
Даври 1-ум
«Соро компания» – «Памир» – 5:0
Голҳо: Муҳсин Муҳаммадӣ, 10 (1:0). Муҳаммад Шарипов, 11 (2:0). Руҳулло Исари, 16 (3:0). Муҳаммад Раҷабов, 26 (4:0). Фирӯз Сангов, 28 (5:0).
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври дуюми лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 26 июни соли равон дар толорҳои варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд. Дар ин давр дастаҳои футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Соро компания»-и шаҳри Душанбе бо «Пойтахт» ва «Помир»-и шаҳри Хоруғ бо «Самандар»-и Турсунзода байни ҳам вомехӯранд.
Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021
Даври дуюм:
26 июн (шанбе)
12:00 – «Сипар» – «Истиқлол»
15:00 – «Соро компания» – «Пойтахт»
18:00 – «Помир» – «Самандар»
| Б | Ғ | М | Б | ГОЛҲО | Х | ||
| 1 | «Сипар» (Хуҷанд) | 1 | 1 | 0 | 0 | 8-0 | 3 |
| 2 | «Сорокомапания» (Душанбе) | 1 | 1 | 0 | 0 | 5-0 | 3 |
| 3 | «Истиқлол» (Душанбе) | 1 | 1 | 0 | 0 | 4-1 | 3 |
| 4 | «Самандар» (Турсунзода) | 1 | 0 | 0 | 1 | 1-4 | 0 |
| 5 | «Помир» (Хоруғ) | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-5 | 0 |
| 6 | «Пойтахт» (Душанбе) | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-8 | 0 |
Акс аз ФФТ








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






