Ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни ҷавонон – «Tajikistan Open-2021» муайян шуданд

Июнь 7, 2021 16:26

ДУШАНБЕ, 07.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 31 май то 5 июни  соли равон дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни ҷавонон – «Tajikistan Open-2021» баргузор шуд. Дар мусобиқаи мазкур  95 варзишгар аз 11 кишвар: Англия, Беларус, ИМА, Қазоқистон, Германия, Россия, Словакия, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина ва Ӯзбекистон иштирок карданд. Аз 7 то 12 июни соли равон  дар шаҳри Душанбе мусобиқаи дуюми байналмилалӣ «Tajikistan Open-2021» баргузор мешавад.

Дар  ин бора  аз Федератсияи тенниси Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон   хабар   доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар қувваозмоиҳои инифродӣ миёни писарон намояндаи Россия Амирҳамза Насриддинов пирӯз шуд. Ӯ дар финал Дэвид Шварс аз Словакияро мағлуб намуд. Миёни духтарон низ намояндаи Россия София Михайлова ғолиб шуд. Ҷои дуюмро Злата Чиннова аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба даст овард.

Дар рақобати ҷуфти писарон — ҷуфти Амирҳамза Насриддинов (Россия) / Иссамҷон Шарифов (Тоҷикистон) ҷои аввал, ҷуфти Ҷош Мануел (Англия) / Дэвид Шварс (Словакия) ҷои дуюмро гирифтанд.

Миёни духтарон ҷуфти Сасинка Виктория (ИМА) / Раиса Петровская (Қазоқистон) мақоми аввал, ҷуфти Сабрина Олимҷонова / Шаҳноза Маримова (Ӯзбекистон) ҷои дуюмро ишғол намуданд.

Ғолибони мусобиқа бо «Диплом» ва «Ифтихорнома»-ҳои Федератсияи тенниси Тоҷикистон сарфароз гардида, мавқеашонро дар радабандии Федератсияи байналмилалии теннис беҳтар карданд.

 АКС аз КМО Тоҷикистон

Июнь 7, 2021 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад