Пайвастани Панҷакент бо Самарқанд тавассути шохаи роҳи оҳан ба нақша гирифта шудааст

Июнь 7, 2021 14:01

ДУШАНБЕ, 07.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи сохтани қитъаи роҳи оҳани «Панҷакент (Тоҷикистон) — истгоҳи Булунгур / истгоҳи Ҷамбай / истгоҳи Фабрика (Ӯзбекистон)» зимни мулоқоти муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода ва муовини Вазири нақлиёти Ӯзбекистон Абдусамат Мӯъминов муҳокима шудааст, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Дар мулоқот инчунин лоиҳаи созишнома байни ҳукуматҳои ду кишвар «Дар бораи транзити молҳои хатарнок аз тариқи қаламрави Ӯзбекистон» баррасӣ шудааст.

Илова бар ин, ҷонибҳо имконоти барқарор кардани робитаи ҳавоӣ байни ду кишварро бо риояи талаботи зидди эпидемиологӣ, инчунин барқарорсозии ҳамлу нақли борҳоро тавассути қитъаи роҳи оҳани «Бекобод-Истиқлол-Бекобод» ва ҳамлу нақли автомобилии борҳоро аз тариқи нуқтаи назоратӣ — гузаргоҳии «Патар-Андархон» баррасӣ карданд.

Дар фарҷоми мулоқот оид ба масъалаҳои баррасишуда  ҷонибҳо протоколи дахлдорро имзо карданд, -зикр  мекунад Вазорати нақлиёт.

Ёдовар мешавем, ки 10-12 июни соли равон сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баргузор мешавад. Оид ба натиҷаҳои сафар ҷонибҳо як зумра  асноди нави бунёдиро барои ҳамкории минбаъда имзо хоҳанд кард.

АКС аз бойгонӣ 

Июнь 7, 2021 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд