СУРАТ-ДАЛЕЛ. Бо мақсади эмин мондан аз бемории Covid-19 кормандони КВД «Обу корези Душанбе» ваксина мегиранд
ДУШАНБЕ, 29.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» бо мақсади пешгирӣ аз бемории Covid-19 эмгузаронии кормандон анҷом дода шуда истодааст.
Дар корхона беш аз 1300 нафар фаъолият намуда, дар таъмини аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ саҳм мегузоранд. Дар ин бора аз Корхонаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.