Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: сироятёбӣ аз COVID-19 дар ҷаҳон 4 фоиз афзоиш ёфт

Январь 24, 2024 15:33

ДУШАНБЕ, 24.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳодисаҳои сироятёбӣ аз коронавирус дар ҷаҳон аз давраи 11 декабр то 7 январ дар муқоиса бо чор ҳафтаи қаблӣ 4 фоиз афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), шумораи бештари беморон дар Русия- 225 198 нафар ошкор шуда, теъдоди фавт дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна то 26 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба варақаи иттилоотии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иттилоъ медиҳад.

Дар варақаи иттилоотии ин созмон иттилоъ дода шудааст, ки давоми чор ҳафта дар ҷаҳон 1 113 726 ҳолати сироятёбӣ ва 8 700 ҳолати фавт сабт шудааст.

Дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ шумораи ҳолатҳои нави ковид давоми чор ҳафта 379 фоиз ва теъдоди фавт беш аз панҷ маротиба афзудааст.

Ба ҷуз аз Русия ба панҷ кишвари дорои шумораи зиёди ҳолатҳои нави бемории коронавирус Сингапур (174 643), Италия (163 599), Юнон (68 590) ва Малайзия (67 206) дохил шудаанд. Дар Италия шумораи зиёди фавтидагон — 1 016 ҳолат сабт шудааст. Минбаъд Русия (679), Лаҳистон (543), Шветсия (446) ва Юнон (322) ҷойгир мебошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 24, 2024 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Чин санҷишҳои COVID-19-ро пеш аз ворид шудан ба давлат бекор менамояд
Дар Испания беш аз 120 ҳолати сирояти шакли нави коронавирус ошкор гардид
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ: ҳолатҳои нави сирояти COVID — 19 дар ҷаҳон дар як моҳи охир 80% афзоиш ёфтааст
Дар Ҳиндустон штамми нави коронавирус ошкор гардид
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз 7% афзудани бемории COVID-19 дар ҷаҳон дар 28 рӯз хабар дод
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи коҳиш ёфтани ҳолатҳои фавт бар асари COVID-19 дар саросари ҷаҳон хабар дод
Хоби солим сеяки хатари аломати баъдиковидиро коҳиш медиҳад
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори боварӣ намуд, ки пандемияи COVID-19 соли 2023 ниҳоят ба анҷом мерасад
Ба Тоҷикистон соли 2022 зиёда аз 10 миллион воя ваксина ворид карда шуд
Дар Тоҷикистон 98,9% аҳолӣ бар зидди CОVID-19 эм карда шудаанд