Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз 7% афзудани бемории COVID-19 дар ҷаҳон дар 28 рӯз хабар дод

Август 4, 2023 16:29

ДУШАНБЕ, 04.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз давраи 13 то 30 июл дар ҷаҳон беш аз 1 миллион нафар ба сирояти коронавирус мубтало шуда, зиёда аз 3 ҳазор нафар фавтиданд. Шумораи сироятшудагон нисбат ба 28 рӯзи қаблӣ 7 фоиз афзуда, шумораи фавтидагон 53 фоиз кам шудааст. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иитилоъ медиҳад, дар ин хусус Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар додааст.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ таъкид доштааст, ки бемории COVID-19 чун пештара хатари ҷиддӣ дорад ва кишварҳоро даъват намудааст, ки инфрасохтори мубориза бар зидди бемориро нигоҳ доранд.

Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, давоми чор ҳафта дар ҷаҳон 1 008 194 ҳолати сироятёбӣ ва 3 132 фавт ба қайд гирифта шудааст.

Дар созмон муқаррар намуданд, ки сарфи назар аз анҷом ёфтани  ҳолати фавқулода, ки СУТ 5 май эълон намуда буд, бемории COVID-19  ҳамчун таҳдиди бузург боқӣ хоҳад монд.

Аз давраи 13 то 30 июл дар минтақаи ғарбии Уқёнуси Ором 38% афзоиши беморӣ сабт шудааст, ҳол он ки дар панҷ минтақаи дигари созмон он коҳиш ёфтааст. Сатҳи фавт дар ҳамаи шаш минтақа, бахусус аз ҳама бештар дар Аврупо  75% коҳиш ёфтааст.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 4, 2023 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Истанбул тӯфони шадид ба амал омад
Бар асари сӯхтор дар меҳмонхонае дар Алмато 13 нафар ҳалок гардид
Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд
Манораи «афтанда» дар Италия аз сабаби хавфи зиёди фурӯравӣ баста шудааст
Шумораи ҳалокшудагон дар кони Костенкои Қазоқистон ба 16 нафар расид