ТАВАҶҶУҲ! Ба реҷаи маҳдудсозии ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз тариқи нақби «Истиқлол» тағйирот ворид гардид
ДУШАНБЕ, 05.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз, 5 июн ба реҷаи маҳдудсозии ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз тариқи нақби «Истиқлол» дар роҳи мошингарди «Душанбе –Чанок» тағйирот ворид гардид. Тибқи он, гузариш барои тамоми намуди нақлиёт тавассути нақби зикргардида аз самти Душанбе – Хуҷанд, соатҳои 07:00 — 10:00 ва 13:00 — 16:00 қатъ мегардад.
Тавре аз Филиал «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз шаҳри Хуҷанд ҷониби шаҳри Душанбе бошад, чунин маҳдудият аз соати 10:00 то 13:00 ва аз соати 16:00 то 19:00 ҷорӣ хоҳад шуд.
Аз соати 19:00 то 06:00 ҳаракати тамоми намуди нақлиёт бидуни монеа имконпазир аст.
Аз шаҳрвандон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки сафари хешро ба реҷаи мазкур мутобиқ намоянд.








Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд






