Варзишгари ҷавони тоҷик Илдар Аҳмадиев ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифт

Июнь 29, 2021 13:21

ДУШАНБЕ, 29.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук Илдар Аҳмадиев дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 иштирок мекунад. Ӯ тавассути саҳмияи универсалии Созмони варзиши сабуки ҷаҳонӣ имкони иштирок дар Олимпиадаи Токиоро, дар дав ба масофаи 100 метр пайдо намуд.

Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи муқаррароти Созмони варзиши сабуки ҷаҳонӣ, ба кумитаҳои миллии олимпие, ки варзишгаронашон миёни мардон ё занон роҳхати мустақим надоранд, иҷозат дода мешавад, ки дар яке аз мусобиқаи варзишӣ беҳтарин варзишгари мард ё занро пешниҳод намоянд. Дар варзиши сабук аз кишвари мо миёни бонувон Гулсумбӣ Шарифова дар дав ба масофаи 200 метр роҳхати олимпӣ ба даст овард, вале варзишгаронамон миёни мардон натавонистанд меъёри муайянкардаи олимпиро иҷро намоянд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон номзадии Илдар Аҳмадиев ва Григорий Дерепаскинро барои ноил шудан аз саҳмияи универсалӣ пешниҳод намуданд ва Созмони варзиши сабуки ҷаҳонӣ номзадии Илдарро пазируфт.

Мавриди зикр аст, ки Илдар Аҳмадиев танҳо ҳамин сол дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Ӯзбекистону Қазоқистон ширкат карда, натиҷаҳои хуб нишон дод. Ӯ дар Чемпионати кушоди Ӯзбекистон, ки 28-29 майи соли равон, дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дар масофаи 100 метр медали тилло, дар ҷаҳиш ба дарозӣ медали биринҷӣ ва дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Косанов дар шаҳри  Алмаатои Қазоқистон баръакс дар ҷаҳиш ба дарозӣ медали тилло, дар масофаи 100 метр медали биринҷӣ ба даст овард.

Ҳамин тариқ, ҳайати дастаи мунтахаби  олимпии Тоҷикистон ба 8 нафар расид. Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев (ҳар ду бокс), Гулсумбӣ Шарифова (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (дзюдо) ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат ба даст овардаанд.

Ёдовар  мешавем, ки  бозиҳои олимпии Токио-2020 бо таъхири яксола аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешаванд.

Июнь 29, 2021 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард