Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ киокушинкай дар Ӯзбекистон соҳиби медалҳои тилло гаштанд
ДУШАНБЕ, 01.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29-30 майи соли равон дар шаҳри Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ киокушинкай миёни наврасон ва калонсолон баргузор шуд. Дар мусобиқаи мазкур ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки аз 22 нафар ибора буд, бо роҳбарии мураббии ҷавон Фирӯз Кароматов иштирок намуданд.Дар ин бора шореҳи варзиши ТВ «Варзиш» Каримхон Бекматов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур дар қатори варзишгарони 6 кишвари иштирокдошта варзишгарони тоҷик низ натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Барандагони медалҳои тилло миёни наврасон Ҳабибулло Мирзоев, Муҳаммад Назаров, Комрон Муҳаммадзода ба ҳисоб рафта, Зоҳид Алиматов барандаи медали нуқраи наврасон шуд. Озодбек Валиев ва Расулҷон Валиев медалҳои биринҷӣ мусобиқаи мазкурро сазовор гаштанд. Миёни калонсолон ҳунари Нусратшоҳи Яздонӣ хеле пурҷило буд. Ҳамин буд, ки ӯ бо ҳунари волояш нишони тиллоро соҳиб шуд. Муҳаммад Розиқов ва Умедҷон Ҳусейнов низ миёни варзишгарони калонсол барандагони нишонаҳои тилло шуданд.








Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд






