Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ киокушинкай дар Ӯзбекистон соҳиби медалҳои тилло гаштанд

Июнь 1, 2021 10:42

ДУШАНБЕ, 01.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29-30  майи соли равон  дар шаҳри Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба каратэ киокушинкай миёни наврасон ва калонсолон баргузор шуд. Дар мусобиқаи мазкур ҳайати дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон, ки аз  22 нафар ибора буд,  бо роҳбарии мураббии ҷавон Фирӯз Кароматов иштирок намуданд.Дар ин бора шореҳи варзиши ТВ «Варзиш» Каримхон Бекматов ба  хабарнигори АМИТ «Ховар»  Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар  мусобиқаи мазкур дар қатори варзишгарони 6 кишвари иштирокдошта  варзишгарони тоҷик  низ натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Барандагони медалҳои тилло миёни наврасон Ҳабибулло Мирзоев, Муҳаммад Назаров, Комрон Муҳаммадзода ба ҳисоб  рафта, Зоҳид Алиматов барандаи медали нуқраи наврасон шуд. Озодбек Валиев ва Расулҷон Валиев медалҳои биринҷӣ мусобиқаи мазкурро сазовор гаштанд. Миёни калонсолон ҳунари Нусратшоҳи Яздонӣ хеле пурҷило буд. Ҳамин буд, ки ӯ бо ҳунари волояш нишони тиллоро соҳиб шуд. Муҳаммад Розиқов ва Умедҷон Ҳусейнов низ миёни варзишгарони калонсол барандагони нишонаҳои тилло шуданд.

Июнь 1, 2021 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд