Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Конфронси ҳамкории минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар чаҳорчӯби «Камарбанд ва роҳ» иштирок намуд

Июнь 24, 2021 08:29

ДУШАНБЕ, 24.06.2021 /АМИТ «Ховар»/.  23 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар чаҳорчӯби «Камарбанд ва роҳ» таҳти унвони «Мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 ва барқарорсозии рушди иқтисодӣ» иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷӣ зикр кард, ки барқарорсозии иқтисодӣ пас аз ҳамагирии Ковид-19, ташвиқи тиҷорати хурду миёна ва татбиқи чораҳои зиддиэпидемикӣ захираҳои иловагии молиявиро талаб мекунанд.

Дар ин робита, зарурати ҷалби сармоя барои барқарорсозии устувори иқтисодӣ, дастгирии тиҷорат, таъмини ҳамлу нақли бемамониати молҳои муҳим, ба хусус хӯрокворӣ ва доруворӣ, инчунин ҳифзи муҳити зист таъкид шуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси мазкур дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ манфиатдор мебошад. Ҳамзамон Тоҷикистон омода аст барои фаъолияти сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ шароити мусоид фароҳам орад.

Гузашта аз ин, Вазир илова кард, ки имкониятҳои бузурги ҳамкории кишварҳои ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» дар соҳаи энергетикаи сабз мавҷуданд. Гидроэнергетика ҳамчун яке аз унсурҳои самарабахши энергияи сабз метавонад барномаи авлавиятноки рушди устувор гардад. Мавҷудияти захираҳои фаровони оби Тоҷикистон имкони беназири рушди минтақаро ҳам дар соҳаи энергетика ва ҳам дар соҳаи кишоварзӣ фароҳам меорад.

Дар фарҷоми Конфронси мазкур ду санади ниҳоӣ дар бораи мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 ва барқарорсозии рушди иқтисодӣ қабул гардид.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Июнь 24, 2021 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд