Владимир Норов, дабири кулли СҲШ: «Душанбе дигаргун шудааст ва ба шаҳри бузурги муосир бо таровати хос ва беназири шарқӣ табдил меёбад»

Июнь 18, 2021 14:11

ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо шарофати талошҳои роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти пойтахти он шаҳри Душанбе дигаргун шудааст ва ба шаҳри бузурги муосир бо таровати хос ва беназири шарқӣ табдил меёбад. Дар ин бора дабири кулли СҲШ Владимир Норов дар паёми табрикотиаш ба иштирокчиёни Ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки 13 июн дар доираи чорабиниҳои давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ баргузор гардид, изҳор доштааст.

Ба гуфтаи Норов, дар тӯли чор соли охир дар шаҳри Душанбе 255 майдончаи варзишӣ ва майдончаҳои бозии кӯдакон сохта ба истифода дода шудааст, ки аз онҳо аҳолӣ ва меҳмонони пойтахт истифода мебаранд. Қасрҳои бузурги варзишӣ барои истифодаи васеъ сохта ба истифода дода шуданд, ки ба рушди намудҳои гуногуни варзиш мусоидат мекунанд.

«Мутаассифона, пандемияи COVID-19 ба мо имкон надод, ки дар чорабинии имрӯза шахсан ширкат варзем, вале сарфи назар аз маҳдудиятҳо, Ниммарафони Душанбе тавонист бисёр варзишгарони касбии варзиши сабук, инчунин дӯстдорони давиданро ҷамъ оварад», — зикр кардааст дабири кули СҲШ. — Уфунати коронавирус ба зиндагии  ҳаррӯзаи мо тағйироти назаррас ворид кард, он ба чорабиниҳои фарҳангӣ — оммавӣ, аз ҷумла ба чорабиниҳои варзишӣ, ки нодир шудаанд, таъсир расонид».

Владимир Норов чунин мешуморад, ки пандемия инчунин аҳамияти нигоҳ доштани тарзи ҳаёти солим, ташаккул ва таҳкими масунияти дастаҷамъии аҳолиро нишон дод.

«Маҳз барои ҳамин, Ниммарафони байналмилалии Душанбе яке аз чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ ва варзишии соли равон мебошад, ки ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, ба варзиш ҷалб намудани шумораи бештари одамони синну соли мухталиф, инчунин одамон дорои имконоти маҳдуд дар фазои СҲШ, ба ҳам назик сохтани  наслҳо, миллатҳо, фарҳангҳо ва тамаддунҳои гуногун, таҳкими дӯстӣ, сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, муколама ва ҳамоҳангӣ байни халқҳои кишварҳоямон, ки «рӯҳияи Шанхай» онҳоро муттаҳид кардааст ва моро ба рушди якҷоя даъват мекунанд», нигаронида шудааст.

Дабири кулли СҲШ инчунин зикр  кард, ки бо ташаббуси Тоҷикистон давлатҳои аъзо Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро маъқул донистанд ва дар ҷараёни ҳамоши СҲШ дар Бишкек соли 2019 онро имзо карданд. Мутобиқи санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии қабулшудаи СҲШ, давлатҳои аъзои Созмон ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мусоидат мекунанд, варзишгаронро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ҳавасманд мегардонанд, ҳамкориро дар самти рушди намудҳои олимпӣ, паралимпӣ ва намудҳои миллии варзиш таҳким мебахшанд, инчунин ба рушди робитаҳои мустақими байни федератсияҳои варзишӣ мусоидат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки чорабиниҳои асосии СҲШ, аз ҷумла рӯйдоди барои Созмон таърихӣ — ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ 16-17 сентябр дар Душанбе баргузор мешаванд.

 АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 18, 2021 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд