Зиёда аз 500 ҳазор сокини пойтахт бо гармидиҳии устувори марказӣ дар фасли зимистон таъмин карда мешаванд

Июнь 11, 2021 16:41

ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» 10 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла дар ду марҳила 5,0 млн. қарзи имтиёзнок ва дар ду марҳилаи дигар 5,0 млн. доллари амрикоӣ маблағи грантӣ ҷудо карда мешавад. Татбиқи лоиҳа аз соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, дар доираи лоиҳа зиёда аз 500 ҳазор сокини пойтахт бо гармидиҳии устувори марказӣ дар фасли зимистон таъмин карда мешаванд.

Дар ин бора Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни баррасии яке аз масъалаҳои дар рӯзномаи  иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баррасишуда, ки 9 июни соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, иттилоъ дод.

Вазири молия ҳамчунин зикр кард, ки дар доираи лоиҳа, инчунин Созишномаи қарзӣ байни Муассисаи давлатии «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри ­Душанбе»-и­ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» 14 апрели соли 2021 дар ҳаҷми 5 млн. доллар ба муҳлати 15 сол, аз он ҷумла 4 сол муҳлати имтиёзнок ва бо меъёри тағйирёбандаи  фоизӣ ба имзо расонида шудааст.

-Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа кам намудани талафоти ғайримеъёрии неруи гармии дар пойтахт истифодашаванда, коҳиш додани арзиши истеҳсолии неруи гармӣ ва бартараф намудани садамаҳо дар шабакаҳои оби гарми шаҳри Душанбе мебошад, -таъкид намуд вазири молия.

Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода тазаккур дод, ки дар доираи лоиҳа, инчунин насби қубурҳои ҷадид ва низоми  автоматикии таъминоти оби гарм дар шаҳри Душанбе, ҳамзамон муҷаҳҳазгардонӣ бо техника ва механизмҳои нав пешбинӣ гардидааст.

Татбиқи лоиҳа барои ба таври автоматӣ баҳисобгирии неруи гармӣ, танзими кори шабакаҳо ва иқтидорҳои истифодашаванда, баҳисобгирии электронии маблағи хизматрасонии гармидиҳии муштариён, ба роҳ мондани шаклҳои муосири қабули пардохт бе иштироки назоратчиёнро таъмин менамояд.

Аксҳо аз Маҷлиси намояндагон ва манбаи боз

Июнь 11, 2021 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид