Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 24.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бори дигар дар иртибот ба даргузашти хоҳари Сарвари давлати мо изҳори тасаллӣ карданд.
Пешвои миллат ба ҳамтои худ барои дастгирӣ ва ҳамдардӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Зимни суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Узбекистони дӯстро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфтанд.
Дар ин замина, Пешвои миллат фаъолияти пурсамари муҳтарам Шавкат Мирзиёевро дар маснади Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, ки ба ӯ эҳтироми бузург ва эътибори баланд овард, таъкид карданд. Дар ин замина, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистони бародар ва мардуми он дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва шукуфоӣ таҳти роҳбарии оқилонаи муҳтарам Шавкат Мирзиёев дастовардҳои беназир орзу намуданд.
Пешвои миллат инчунин кӯшишҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Узбекистонро оид ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии байни кишварҳоямон баланд арзёбӣ намуда, аҳамияти бузурги натиҷаҳои сафари расмии чанде пеши ӯро ба Тоҷикистон, ки ба ҳамкории гуногунсоҳаи тарафҳо ба нафъи халқҳоямон такони нав бахшиданд, тазаккур доданд.
Дар ҷараёни суҳбат Президентҳо оид ба як зумра масъалаҳои байналмилалӣ ва рӯзмарраи минтақавӣ мубодилаи афкор карданд. Аз ҷумла ҷараёни рушди ташвишовари вазъ дар Афғонистони ҳамсоя дар маркази таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифт.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд






