80 фоизи ширкатҳои сайёҳиро дар Тоҷикистон ҷавонон роҳбарӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 23.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 80 фисади роҳбарони ширкатҳои сайёҳиро дар Тоҷикистон ва беш аз 70 фисади кормандони онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Чунин зикр гардид дар ҳамоиши ҷавонони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон, ки имрӯз бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат гузаронида шуд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки созмондиҳандагони ҳамоиш Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон буда, дар он роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, муассисаҳои олии таълимӣ, собиқадорони соҳа ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён Тоҷикистонро чун кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои боз ва тоҷиконро чун мардуми бунёдкору сулҳпарвар ва фарҳангию меҳмоннавоз шинохтаанд.
Дар ин замина, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нишонаи олии таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва дар меҳвари сиёсати иқтисодии Ҳукумат қарор доштани ин соҳаи ояндадори кишвар мебошад. Дар ҷавоб ба чунин ғамхории сатҳи баланд моро зарур аст баҳри ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон саъю талош намоем.

Бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба захираҳои сайёҳӣ ва рушди соҳаи хизматрасонӣ бештар гардид. Таъкид шуд, ки чун мо дар асри техникаву технология умр ба сар мебарем, ба ҷавонони дорои донишу малакаи зарурӣ, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияи информатсионӣ ниёзи бештар дорем.
Ба муҳлати 5 сол аз андоз аз даромад озод намудани ширкатҳои сайёҳии навтаъсис сабаби зиёд гардидани шумораи онҳо дар кишвар ва ба вуҷуд омадани рақобати солим дар бозори сайёҳии кишвар мегардад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани рӯйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд, соҳибкорони ватанӣ, хосса ҷавонони соҳибкорро ҳавасманд гардонид.
Гуфта шуд, ки дар пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат мо бояд Ватани биҳиштосои худро самимона дӯст дошта, бо ҳисси баланди худшиносиву ифтихори миллӣ барои ояндаи дурахшон устуворона қадам монем.
Дар ҳамоиш ҳамчунин роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ сухан намуданд.
Инчунин хатсайри сайёҳии Душанбе — Сари Хосор ба ҳозирин тариқи рӯнамо муаррифӣ гардида, муроҷиатномаи ҷавонони фаъоли соҳаи сайёҳии кишвар шунида шуда, дар даромадгоҳи ҳавлии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат намоиши имконияти сайёҳии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуд.
Дар интиҳо ба як гурӯҳ ҷавонони фаъоли соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон сипосномаҳо тақдим гардиданд.











Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар намоишгоҳи сайёҳии Қатар иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи Президент дар Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2025 зиёда аз 90 ҳазор нафар сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market – 2025» муаррифӣ мегарданд
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии табодули академӣ иштирок намуданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 90 ҳазор сайёҳон шаҳри бостонии Кӯлобро тамошо намуданд
Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Хатлон беш аз 900 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст






