80 фоизи ширкатҳои сайёҳиро дар Тоҷикистон ҷавонон роҳбарӣ мекунанд

Июль 23, 2021 11:34

ДУШАНБЕ, 23.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зиёда аз 80 фисади роҳбарони ширкатҳои сайёҳиро дар Тоҷикистон ва беш аз 70 фисади кормандони онҳоро  ҷавонон ташкил медиҳанд.

Чунин зикр гардид дар ҳамоиши ҷавонони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон, ки имрӯз бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат гузаронида шуд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки  созмондиҳандагони ҳамоиш Кумитаи рушди сайёҳӣ  дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон буда, дар он роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, муассисаҳои олии таълимӣ, собиқадорони соҳа ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён Тоҷикистонро чун кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои боз ва тоҷиконро чун мардуми бунёдкору сулҳпарвар ва фарҳангию меҳмоннавоз шинохтаанд.

Дар ин замина, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нишонаи олии таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва дар меҳвари сиёсати иқтисодии Ҳукумат қарор доштани ин соҳаи ояндадори кишвар мебошад. Дар ҷавоб ба чунин ғамхории сатҳи баланд моро зарур аст баҳри ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон саъю талош намоем.


Бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба захираҳои сайёҳӣ ва рушди соҳаи хизматрасонӣ бештар гардид. Таъкид шуд, ки чун мо дар асри техникаву технология умр ба сар мебарем, ба ҷавонони дорои донишу малакаи зарурӣ, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияи информатсионӣ ниёзи бештар дорем.

Ба муҳлати 5 сол аз андоз аз даромад озод намудани ширкатҳои сайёҳии навтаъсис сабаби зиёд гардидани шумораи онҳо дар кишвар ва ба вуҷуд омадани рақобати солим дар бозори сайёҳии кишвар мегардад.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани рӯйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд, соҳибкорони ватанӣ, хосса ҷавонони соҳибкорро ҳавасманд гардонид.

Гуфта шуд, ки дар пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат мо бояд Ватани биҳиштосои худро самимона дӯст дошта, бо ҳисси баланди худшиносиву ифтихори миллӣ барои ояндаи дурахшон устуворона қадам монем.

Дар ҳамоиш ҳамчунин роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва  ширкатҳои сайёҳии ватанӣ  сухан намуданд.

Инчунин хатсайри сайёҳии Душанбе — Сари Хосор ба ҳозирин тариқи рӯнамо муаррифӣ гардида, муроҷиатномаи ҷавонони фаъоли соҳаи сайёҳии кишвар шунида шуда, дар даромадгоҳи ҳавлии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат намоиши имконияти  сайёҳии Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуд.

Дар интиҳо ба як гурӯҳ ҷавонони фаъоли соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон сипосномаҳо тақдим гардиданд.

Июль 23, 2021 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё -2025» ба шаҳри Истаравшан омад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ Созишнома ба имзо расид
Имсол ба вилояти Хатлон беш аз ним миллион сайёҳ ворид гардидааст
Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
Дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе Маркази нави таълимию истеҳсолӣ таъсис дода мешавад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ беш аз 5 ҳазор меҳмонони дохиливу хориҷӣ ворид шудаанд
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Суғд беш аз 242 ҳазор меҳмони хориҷӣ ворид шудааст
РУШДИ САЙЁҲӢ. Табиати дилфиреби Хатлонзаминро беш аз 400 ҳазор нафар сайёҳон тамошо намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» дидан намуданд