Ҷадвали мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 муайян шуд

Июль 16, 2021 12:10

ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. То оғози Бозиҳои олимпии Токио-2020 7 рӯз монд. Иштирокчиёни бозиҳо аз тамоми давлатҳо вориди Япония мешаванд. Дар ин бора  шореҳи варзиши ТВ «Варзиш» Каримхон Бекматов  ба  хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тавре маълум шуд, Бозиҳои олимпии Токио зери чораҳои шадид ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ ба бемории сироятии COVID-19 мегузаранд. Кумитаи тадорукоти бозиҳо аз 1 июл бақайдгирии гирифторони коронавирусро шурӯъ карда, то имрӯз 30 ҳолати гирифторӣ ба COVID-19-ро қайд кардааст. Аз ҷумла, пас аз ворид шудан ба Токио натиҷаҳои ташхиси ду варзишгар аз Уганда, якварзишгарӣ аз Исроил ва Сербия мусбат баромадааст. Дигар беморон кормандон ва масъулони японии вобаста ба Бозиҳои олимпии Токио ҳастанд.

Ҳайати беш аз 23-нафараи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 10 варзишгар субҳи 19 июл тавассути Истанбул ба Токио сафарбар мегардад. Гулсумбӣ Шарифова бинобар осеб дидани пояш дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 ширкат намекунад.

Маросими кушодашавии аввалин Бозиҳои олимпии батаъхирафтода 23 июл баргузор мешавад. Варзишгари шинохтаи тоҷик  Темур Раҳимов парчамбардори ҳайати  дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон аст. Варзишгарони мо сабқатро аз 24 июл оғоз мекунанд. Дар ин рӯз Сиёвуш Зуҳуров дар намуди бокс, вазни +91кг ба ринг мебарояд. Рақобатҳои ин вазн дар қисмати бегоҳӣ ба нақша гирифта шудаанд – аз соати 17:00 то 20:30 бо вақти Токио (13:00 то 16:30 ба вақти Душанбе). 25 июл шоҳиди ҳунари ду муштзани дигарамон – Баҳодур Усмонов (-63кг) ва Шаббос Негматуллоев (-81кг) хоҳем буд. 26 июл Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг-и мусобиқаи дзюдо гӯштин мегирад. Рақобатҳои муқаддамотӣ аз соати 07:00 то 10:30 ва финал аз 13:00 то 15:40 ба вақти Душанбе доир мегарданд.

27 июл қувваозмоиҳои вазни -81кг-и дзюдо сурат мегиранд, ки варзишгари мо Акмал Муродов рӯи татамӣ мебарояд. 28 июл Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ба рақобат мепардозад. Ҳамчунин мусобиқаи даври 1/8-финали бокс дар вазни -81кг доир мегардад. 29 июл — идомаи мусобиқаи бокс, даври 1/8-финали вазни +91кг. 30 июл дар намуди  дзюдо  Темур Раҳимов дар вазни +100кг гӯштин мегирад. Дар ин рӯз қувваозмоии вазни -81кг-и бокс дар даври 1/4-финал баргузор мешавад.

Ҳамчунин шиноваронамон Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов дар масофаи 50 метр, тарзи озод сабқат мекунанд. 31 июл сабқати варзиши сабук дар масофаи 100 метр сурат мегирад, ки варзишгарои мо Илдар Аҳмадиев баромад мекунад. Ҳамчунин сабқати даври 1/8-финали бокс дар вазни -63кг ва мусобиқаи нимфинали шиноварӣ дар масофаи 50 метр, тарзи озод доир мешавад. 1 август нимфинал ва финали мусобиқаи варзиши сабук дар масофаи 100 метр миёни мардҳо, дар намуди бокс сабқати даври нимфинали вазни -81кг ва ¼-финали вазни +91кг, дар шиноварӣ сабқати финал дар масофаи 50 метр, тарзи озод дар назар дошта шудааст. 3 август даври ¼-финали мусобиқаи бокс дар вазни -63кг, 4-уми август нимфинали вазни +91кг ва финали вазни -81кг ба нақша гирифта шудааст. 6 август муҳорибаҳои даври нимфинали вазни -63кг-и бокс, 8 август муҳорибаҳои финали вазнҳои -63кг ва +91кг доир хоҳанд шуд.

Мавриди зикр  аст, ки аз миёни 10 варзишгарамон 7 нафар бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд. Комроншоҳ Устопириён, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 ширкат карда буданд.

 

Июль 16, 2021 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. «Истиқлол» дар даври чоруми Лигаи чемпионҳои КФО-2024/25 бо дастаи «Ал-Ваҳдат»-и Урдун рақобат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе маротибаи сенздаҳум чемпиони Тоҷикистон шуд
Паҳлавони Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев медали биринҷии чемпионати ҷаҳонро соҳиб гардид
Гулмуроди Саъдулло бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои мунтахаби Кореяи Шимолӣ ва Эронро доварӣ мекунад
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ маротибаи дуюм беҳтарин иттиҳодияи минтақавӣ дар Осиё эътироф шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ ёфт
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 тими Сингапурро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 тими Сингапурро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тими Сингапур бозӣ мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Душанбе бо яккачинҳои Непал ва Афғонистон бозиҳои дӯстона доир мекунад
Дар Душанбе нишасти навбатии Платформаи шарикии Тоҷикистон – Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баргузор шуд