Ҳарифони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 муайян шуданд

Июль 9, 2021 17:12

ДУШАНБЕ, 09.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 9 июл дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии  Ӯзбакистон маросими қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 23-сола баргузор шуд. Тибқи натиҷаҳои қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, дастаи мунтахаби ҷавонони то 23 -солаи  Тоҷикистон   дар гурӯҳи «В» бозӣ мекунад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Рақибони дастаи мунтахаби ҷавонони то 23- солаи  Тоҷикистон   Эрон, Лубнон ва Непал хоҳанд буд. Бозиҳои мазкур аз 23 то 31 октябри соли равон  дар шаҳри  Душанбе баргузор мешаванд. Дар натиҷа  43 даста ба 11 гурӯҳ тақсим карда шуданд. Минтақаи Ғарб аз 6 гурӯҳ ва дар Шарқ аз 5 гурӯҳ иборат мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки  бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Ғарб дар Тоҷикистон, Баҳрайн, Урдун, Кувайт, Қатар ва Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешаванд. Дар минтақаи Шарқ, мизбони гурӯҳҳо Муғулистон, Индонезия, Сингапур ва Тайбэйи Чин хоҳанд буд. Ёдовар мешавем, ки ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 19 июни соли оянда дар Ҷумҳурии Ӯзбакистон баргузор мешавад, ғолибони ёздаҳ гурӯҳ ва чаҳор дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро гирифтанд, роҳ меёбанд.

Натиҷаи қуръакашии Ҷоми Осиё-2022 (U-23):

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»: Сурия, Қатар (мизбон), Яман, Шри-Ланка.

Гурӯҳи «В»: Эрон, Тоҷикистон (мизбон), Ливан, Непал.

Гурӯҳи «С»: Ироқ, Баҳрайн (мизбон), Афғонистон, Малдив.

Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Бангладеш, Қувайт (мизбон), Ӯзбекистон.

Гурӯҳи «Е»: АМА (мизбон), Умон, Ҳиндустон, Қирғизистон.

Гурӯҳи «F»: Урдун (мизбон), Фаластин, Туркманистон.

Минтақаи Шарқ

Гурӯҳи «G»: Австралия, Чин, Индонезия (мизбон), Бруней.

Гурӯҳи «Н»: Кореяи ҷанубӣ, Сингапур (мизбон), Тимори Шарқӣ, Филиппин.

Гурӯҳи «I»: Ветнам, Мянма, Гонконг, Тайбэйи Чин (мизбон).

Гурӯҳи «J»: Таиланд, Малайзия, Лаос, Муғулистон (мизбон).

Гурӯҳи «К»: ҶХДК, Ҷопон, Камбоҷа.

Июль 9, 2021 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд