Артиши Афғонистон дар як шабонарӯз 189 ҷангии «Толибон»*-ро нобуд кард

Июль 29, 2021 10:39

ДУШАНБЕ, 29.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Артиши Афғонистон дар давоми 24 соати охир 189 ҷангии «Толибон»*-ро нобуд ва 138 нафари дигарро маҷрӯҳ кард. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи чоршанбе, 28 июл Вазорати мудофиаи Афғонистон иттилоъ дод.

Қисмҳои неруҳои мудофиа ва амнияти миллии Афғонистон дар музофоти Қандаҳор, Зобул, Ҳирот, Ҷузҷон ва Ҳилманд амалиёти муваффақона анҷом доданд. Онҳо 32 дастгоҳи таркандаи сохтаи ҷангиёнро ёфта, безарар карданд.

Чанде пеш Дабири кулли СПАШ Йенс Столтенберг зимни суҳбати телефонӣ бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ азми эътилофро барои дастгирии минбаъдаи неруҳои мудофиа ва амнияти миллии Афғонистон, аз ҷумла бо роҳи мусоидат дар таълими кормандони низомӣ ва кумаки молиявӣ эълон кард. То соли 2024 Афғонистон ҳамасола аз Иёлоти Муттаҳида ва СПАШ 4 миллиард доллар мегирад.

 

АКС аз манбаъҳои боз

 

____________________________________ 

* Ҳаракат дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Июль 29, 2021 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд