Аз 12 июл то 7 август дар шаҳри Душанбе 4 мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис доир мегардад
ДУШАНБЕ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 июл то 7 августи соли равон дар кортҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва ҶДММ «Тоҷварз» 4 мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис доир мегардад. Мусобиқаҳои мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи тенниси Тоҷикистон доир шуда, дар он иштироки беш аз 100 нафар варзишгар дар назар дошта шудааст.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз 30 июл то 7 август мусобиқа оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон бо унвони «President Cup -2021» ба нақша гирифта шудааст. Аз мусобиқаҳои мазкур 2 мусобиқа миёни наврасони то 14-сола ва 2 мусобиқаи дигар миёни ҷавонони то 18-сола баргузор мегардад.
Мусобиқаҳои мазкур рейтингӣ буда, ба тақвими чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардидаанд ва варзишгарон имкон доранд, ки хол ба даст оварда, мавқеашонро дар радабандии ҷаҳонӣ беҳтар намоянд ва дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бемамониат ширкат варзанд.
АКС: аз бойгонӣ








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






