Аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дар Истаравшан Маркази ташхисию табобатии «Зулайхо» сохта ба истифода дода шуд

Июль 3, 2021 10:58

ДУШАНБЕ, 03.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30 –солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Истаравшан Маркази ташхисию табобатии «Зулайхо» ба истифода дода шуд. Маркази  мазкур  аз 4 ошёна иборат буда, дорои 20 кати табобатӣ мебошад. Дар таҳхонаи марказ ошхона ва ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, дар ошёнаи якум қабулгоҳ, утоқҳо барои стоматолог, гинеколог, ҳураи тадқиқоти ултрасадо ва дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои табобатӣ ҷойгир карда шудааст.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  Марказ дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси соҳибкор Алишер Солиев бо маблағи 1,1 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он 8 нафар мутахассисони соҳаи тиб бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз Маркази  ташхисию табобатии «Зулайхо» таъкид кард, ки бо дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибби хусусӣ дар вилоят рушд карда, чунин марказҳои ташхисиву табобатӣ дар таъмини солимии ҷомеа саҳми шоиста гузошта истодаанд.

Июль 3, 2021 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад