Дар Ҷамоати деҳоти «Қалъачаи калон»-и шаҳри Истаравшан аксияи «Шомгоҳи тозагӣ» доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти «Қалъачаи калон»-и шаҳри Истаравшан аксияи «Шомгоҳи тозагӣ» баргузор гаридид. Хурду калони деҳоти мазкур ба ҳашар баромада, ҷуйбору роҳҳои пиёдагард ва атрофи хонаҳои зистро аз партов, дарахтон ва гулу буттаҳои ороиширо аз шохаҳои хушкида тоза намуданд. Сокинони ин ҷамоат мисли дигар тоҷикистониён азм доранд, ки ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳи хосса таҷлил намоянд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамарӯза дар шаҳри Истаравшан аксияи «Шомгоҳи тозагӣ» доир карда мешавад. Дар доираи тадбири мазкур бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли фаъолият, ҷамоатҳои деҳот, деҳаҳо, кумитаи маҳаллаҳо, гузарҳо, масҷидҳо бо назардошти таъмини лавозимоти зарурӣ, ҳар бегоҳ аз соати 18:00 то 20:00 бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошт ҳашарҳои дастаҷамъонаи тозагии муҳити зистро баргузор намоянд.
Иқдоми мазкур аз ҷониби Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода пешниҳод шуда, мақсад аз он тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи зебоипарасатӣ мебошад.
Аз ҷумла, дар муроҷиатномаи Адҳам Маъмурзода омадааст, ки ҳамчун раиси шаҳр ва фарзанди ҳамин диёр ба Шумо муроҷиат намуда, даъват менамоям, ки ба муносибати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз остонаи хонаводаи хеш, кӯча, маҳалла, гузар, деҳа ва дар маҷмӯъ шаҳри азизамон – Истаравшани бостониро дастаҷамъона обод созем, тозагии мавзеъҳо, ҷуйборҳо, чашмаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва қабристонҳоро таъмин намоем».
«Бо назардошти он, ки аксари сокинони шаҳр соҳибкору тоҷир ҳастанд ва ҳамарӯза аз саҳар машғули корҳои худ мебошанд, пешниҳод менамоям, ки дар ҳудуди шаҳри Истаравшан то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамарӯза аксияи «Шомгоҳи тозагӣ» эълон карда шавад. Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди шаҳри Истаравашан иқдоми мазкурро ҷонибдорӣ карда, барои тозагии шаҳри худ ва муҳимтар аз ҳама, барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории пандемияи СOVID-19 саҳмгузор мегарданд»,- омадааст дар муроҷиатнома.










Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






