Дар Ашт собиқадори меҳнат Холбибӣ Марқаеваро бо хонаи истиқоматӣ таъмин намуданд
ДУШАНБЕ, 10.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва дастгирии шахсони саховатпеша, фарзандони Раиси хоҷагии деҳқонии «Судҷа» марҳум Абдулҳақ Муфтоев дар деҳаи Даҳанаи Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт барои сокини деҳа, собиқадори меҳнат, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими ҳизбӣ, собиқ директори муассисаи давлатии таълимии №22, шахси яккаву танҳо Холбибӣ Марқаева хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба Марқаева Холбибӣ калиди хонаи истиқоматӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили лавозимоти рузгордорӣ супорида шуданд.
Собиқадори меҳнат Марқаева Холбибӣ миннатдории самимии хешро ба давлату Ҳукумати мамлакат шахсан ба Пешвои муаззами миллат бобати дастгирии собиқадорони меҳнат, шахсони яккаву танҳо, маъюбон, ятимон ва хосатан қишри ниёзманди ҷомеа расониданд.
-Ин иқдом дар пайравӣ ба хислатҳои наҷиби инсондӯстона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид,- афзуд манбаъ
Дар маросими ба истифода додани хонаи истиқоматӣ Раиси ноҳия Мирдадо Зариф ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва сокинони деҳа ширкат варзиданд.
Роҳбарияти ноҳия дар баромади хеш зикр намуданд, ки дар ҳақиқат Холбибӣ Марқаева тамоми ҳаёту зиндагии хешро сарфи хизмат ба ободии Ватан намуда, дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, дар баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва сафарбар намудани сокинони маҳал ба корҳои ободкориву созандагӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятии ноҳия саҳми намоён гузоштааст.
-Мо, ки имрӯз дар ин макон ба шарофати бунёди хонаи истиқоматӣ ба ин шахси пуртолеъ қарор дорем, аз фурсат истифода бурда, ба ҳамаи саховатмандону хайрхоҳон ва соҳибкорону ташаббускорон барои саҳми назаррасашон дар корҳои ободкориву созандагӣ изҳори сипос намуда, умед дорам, ки Марқаева Холбибӣ солиёни зиёд, бо тансиҳатӣ дар ин кошона умр ба сар бурда, дар пешбурди амалҳои созанда саҳми босазои худро мегузоранд, -иброз доштанд баромадкунандагон.









Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд






